Дар як сатр
» » Деҳа макони ҳунар аст ва бояд рушд кунад

Деҳа макони ҳунар аст ва бояд рушд кунад

14-01-2019, 06:49

Болаззаттарин нонро дар деҳа метавон тановул кард. Софтарин ҳаворо метавон дар деҳа нафас кашид. Нерумандтарин мардон ва боҳунартарин занонро метавон дар деҳа дар-ёфт. Ёдмонтарин хотираҳоро метавон аз замони кӯдакӣ дар деҳа дошт. Аввалин кӯзаву косаҳои гилин бо дастони кӯдакони деҳ сохта мешаванд. Нахустин нақшу нигори миллӣ дар лӯхтакони деҳа офарида мешаванд.
Аз ин ҷост, ки беҳтарин чеҳраҳои ҳунар аз деҳа дарёфт мешаванд. Деҳа макони ҳунар аст ва онро бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои инкишофаш мусоидат намуд. Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Зеро бо обод гардонидани деҳаҳо ва сохтани коргоҳу сехҳо дар маҳал шахсони ҳунарманд ба худ кори доимӣ пайдо карда, барои сайқал додани ҳунарҳои миллӣ, ба наслҳои баъдӣ омӯзонидани ҳунарҳои атласу адрасбофӣ, абрешимбофӣ, алочабофӣ, арғушт, баққолӣ, беқасаббофӣ, гачкорӣ, гаҳворасозӣ, чӯбтарошӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, дуредгарӣ, гулобкашӣ, зардӯзӣ, кулолӣ, қуроқдӯзӣ, мисгарӣ, наққошӣ, сӯзанидӯзӣ, оҳангарӣ, табақтарошӣ, ҷӯроббофӣ ва даҳҳо навъи санъати миллӣ шароит фароҳам мешавад.
Пешвои миллат барҳақ фармуданд, ки бояд ҳар як тоҷик соҳибҳунар бошад. Зеро  хунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст, ҳунар касро соҳибобрӯ месозад ва файзу баракати хонадони шахси ҳунармандро меафзояд. Ҳунарманд ҳамеша сари боло дораду дар миёни мардум иззату икром.
Бонувоне, ки дар деҳа ба воя мерасанд, ҳатман аз ҳунари кулчаю нонпазӣ ва дӯхтани кӯрпаю либос, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сабадбофӣ, калобаресию зулфороӣ огаҳӣ доранд. Дар деҳа аз замонҳои қадим то имрӯз байни мардум ҳамин гуна расм аст, ки вақте аз кори саҳро, чӣ занон ва чӣ мардон бармегарданд, шабҳо боз якҷоя ҳунар меомӯзанд. Дар деҳот хонаводае нест, ки дар он як нафари усто ё наққош, ё гулдӯзу кулчапазу чаппотипаз набошад. Қисми зиёди таомҳои миллӣ низ бештар дар деҳа омода ва пешкаш мешаванд. Бонувони деҳот анъанаҳои мардумиро пос медоранд ва мекӯшанд, ки ба фарзандони худ омӯзонанд.
Дар ҳақиқат, аз субҳ то шом деҳа оромӣ надорад: дасти ҳама ба кор аст, яке сӯйи пуштаҳо рамаро ба чаро мебарад, дигаре ба замин об мемонаду кишт мекунад, саввумӣ машғули дараву бар тори ғарам банди нав зам мекунад, яке ҷома медӯзад, дигаре сабақ меомӯзад. Хулоса, кори деҳа бисёр аст, касе бекор нест.
Фарзанди деҳ, фарзанди кӯҳсор будан ифтихор аст. Шоир муҳити деҳаро ба олами афсона ташбеҳ дода, чунин мисраъҳои зеборо дар васфи деҳа сурудааст:
Нишинам дар лаби дарёи кӯҳӣ,
Ки омӯзам аз ӯ дарёдилиро.
Шитобу изтироб омӯзам аз мавҷ,
Бигӯям шеър дар тақлиди дарё.
Кашам аз кокули сабзи дарахтон,
Биошомам насими бешаҳоро.
Суруд омӯзам аз лабҳои соҳил,
Забон омӯзам аз гуфтори дарё.
Нависам номи худ дар тахтасанге –
Нишони бенишониҳои худро.
Ба гӯши баргҳо бикшоям асрор –
Китоби саргарониҳои худро.
Шавам бо қуллаҳо ҳамсар, ки шояд
Биёмӯзам тариқи сарфарозӣ,
Ба пойи кӯҳҳо таъзим биёрам,
Биандӯзам бисоти бениёзӣ…
Мутмаинем, ки бо «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, сокинони сарбаланди рустоҳои Тоҷикистон барои рушди маҳалли худ, ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, густариши ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии ҳарчи бештари санъати миллию бостонии мардуми тоҷик саҳми босазо хоҳанд гузошт.
 
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нахустин форуми бонувони ҳунарманди Хатлон

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

Фарҳанг ва адабиёт
Бонуи ҳунар

Бонуи ҳунар

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Оби ошиқ» сероб шуд

«Оби ошиқ» сероб шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ