Дар як сатр
» » Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт

Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт

14-01-2019, 07:01

(масъалаҳои назариявӣ)

Инсон ягона мавҷуди табиат аст, ки ҳамеша ба дарку фаҳми масъалаҳои муҳимтарини табиат, ҷамъият ва тафаккур кӯшиш мекунад. Дар ин самт аз тамоми восита ва имконот истифода менамояд. Муътақид аст, зиндагӣ бидуни фаъолияте, ки моҳияти масъалаҳои рӯзмарраро барояш равшан ва возеҳ мегардонад, ба саволҳои ӯ посух медиҳад, наметавонад пешравӣ дошта бошад. Дониш, маърифат, шинохти умқи масъалаҳо, сабаб, омилҳои пайдоиш ва ташаккули онҳо имкони эмин нигоҳ доштани инсон ва рушди ӯро фароҳам месозад.

Маҳз ба ҳамин хотир, «наздикшавии тафаккур ба воқеият аз мавзӯъҳои абадӣ ва беохир»-и раванди такмилёбии инсоният мебошад. Ин вазифаро банӣ одам ба андозаи имкон ва тавони худ дар тӯли таърих зина ба зина анҷом додааст.

 Аввалин ва муҳимтарин пояи дониши инсонӣ таҷрибаи зиндагӣ мебошад. Агар ин таҷриба беҳбуди аҳволи инсонро таъмин ва пешрафти имрӯзу ояндаи ӯро дар назар дошта бошад. Дуюмин ва асоситарин махзани наздикшавии инсон ба моҳияти масъалаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур барои сазовор зиндагӣ карда тавонистани ӯ - донишҳои илмиву назариявӣ ба ҳисоб мераванд. Асли онро «аз муроқибаи зинда ба тафаккури абстрактӣ ва аз он ба амалия – ҳамчун роҳи дониста гирифтани воқеияти объективӣ» ташкил мекунад. Ба шарте ки чунин таҳлил ва хулосабарорӣ бо далелҳо тасдиқ карда шаванд ва ба беҳтар кардани зиндагии воқеии одам созгор оянд. Сеюмин  поя - гносеология воситаи таҳқиқ ва арҷгузорӣ ба воқеиятро амалия ва назарияи адабиву эстетикӣ эътироф кардааст. Онро ҳамчун муҳимтарин воситаи дарки масъалаҳои онтологӣ шинохтааст.

Тавре ки хотиррасон гардид, ҳар се воситаи омӯзиш ва шинохти  илмии зуҳурот ба хотири ташаккули ҷаҳонбинӣ, мақсаднок пеш бурдани ҳаёт, ба маром ва орзуву омол расидан, рушди сатҳи зиндагӣ ва маънавиёт, аз ҷумла ҳолати  рӯҳиву равонии одам аст. Тавон, дараҷаи эҳсоси воқеият ва муносибати мутавозин ба рӯйдодҳои ҷамъиятӣ, асоси таъмин гардидани суботи давлати миллиро ташкил мекунад.

Ҳамин тариқ, мавзӯи ин баҳс аз дидгоҳи назариявӣ наздик гаштан ба инъикоси воқеияти зиндагӣ тавассути каломи бадеӣ дар чаҳорчӯби ниёзҳои иҷтимоӣ мебошад.

 

ИЛМ ВА АДАБИЁТ

Маълум аст, ки тамоми донишҳои инсонӣ аз эҳсоси назарӣ, аз аёният сарчашма мегиранд. Чунин дидгоҳ сараввал ба тарзи одӣ, омиёна тафсир мегардад. Аммо ба назар гирифтани зуҳурот ва мавзӯи андеша қарор додани онҳо, ҳамчун тамоюл ба хотири шинохти моҳият, шароит ва заминаи асосиро нисбат ба омӯзиш ва таҳқиқи илмӣ омода месозад.

Бояд эътироф кард, ки «Илм маҷмӯи далелҳоро тафсир намуда, хулосаи онро ба маводи аввалия дар муқоиса ва таносуб мегузорад» (Г.В.Ф. Гегел). Бидуни шубҳа, ин хосият ба пуррагӣ мансуб ба каломи бадеӣ ҳам ҳаст.

Адабиёт, ки аслан аз эҳсос, тасаввурот ва кӯшиши наздик гаштан ба воқеият оғоз мегардад, ҳамзамон барои шинохт ва арзёбии ҳастӣ таъйин шудааст. Яъне дар муқоиса бо илм ҳамон сифатро дорост.

Вазифаи аслии илм ошкор намудани фарқият, зиддият байни зуҳурот ва моҳият аст, бо бурҳон, далел, натиҷаи озмоишҳо ба хотири шинохт, дарк, донистанҳо ва ҳосил кардани ҷаҳонбинии воқеӣ оид ба табиат, ҷамъият ва тафаккур. Ин ҷараён бо муайян кардани хосият, алоқаҳо, муносибат ва миёнҷигариҳо, ҳамчун натиҷаи ниҳоӣ – ошкор  кардани қонуниятҳои пайдоиш, шаклгирӣ ва инкишофи зуҳуроту моҳият сурат мегирад. Илм мекӯшад, ки моҳияти масъаларо орӣ аз хости шахс, дидгоҳи субъективӣ, дар ҳамон шакле, ки дар ҳақиқат ҳаст, «хушку холӣ», хунсардона ба намоиш гузорад.

Ворид гаштан ба моҳияти масъала тавассути абзори бадеӣ, гоҳо авлотар аз илм аст. Зеро илм ҷаҳонбинии мутахассисони самти муайяни ҳаёти инсониро дар бар мегирад. Адабиёт «дили васеъ», диди васеъ дорад. «Шеърро ошиқ мекунад» (Гулназар), олами табиат, наботот, ҳайвонотро «ба гап медарорад». «Бо санги мазор гуфтугӯ мекунонад», «рӯд ӯро қисса мегӯяд», «чашма аз кӯзабарсар омадани модар ҳикоят мекунад ва хор ба гуноҳи худ, аз тасодуф пои модарро захмин кардан хиҷолат мекашад» (маъниҳо аз М. Турсунзода). Дили шоир ва хонандаашро реш-реш месозад. Рӯҳи инсонро тасхир менамояд. Илм аз ин тавоноӣ ва санъати таҳқиқи олами ҳастӣ, ки сухани бадеӣ дорад, дар ҳайрат мемонад.

Маълум аст, ки воқеияти объективӣ шаклҳои гуногуни зуҳур дорад. Он дар шароити мураккаб ва гуногун хосиятҳои худро ба намоиш мегузорад. Илм онро тавассути абзорҳои худ меомӯзад, тасдиқ мекунад ва хулоса мебарорад. Дар муқоиса бо илм «дарки бадеӣ, дар шаклҳои реалистӣ, ҳақиқати воқеиро ба воситаи образҳо ифода месозад. Дар ин образҳо тавассути тахайюлоти бадеии муаллиф… ҷанбаҳои бештар муҳимми зуҳуроти мавриди назар таъкид карда мешаванд» (И.Д.Ковальченко. Методы исторического исследования. –М.: Наука. 2003. –С. 24).

Яке аз мақсадҳои илм, тавассути ба инобат гирифтани воқеияти объективӣ ва тамоюли самти ҳаракати он, таъмини манфиатҳои миллиро мадди назар дорад. Мусаллаҳ намудани ҷомеа, махсусан ҷавононро бо ҷаҳонбинии дунявӣ аз вазифаҳои худ мешуморад. Мусаллам аст, бидуни коридани ҷузъиёти илмӣ, тасаввуроти дар таҷриба санҷидашуда, дар майнаи инсон ҳалли масъалаҳои таъмини амният, пешбурди манфиатҳои миллӣ, пешрафти шахс, ҷомеа ва рушди давлат аз имкон берун аст. Адабиёт ҳам истеҳсолотчӣ аст. Дар сурати истифодаи дуруст, он метавонад на камтар аз илм барои ҷомеа хидматгузор бошад, зеро маҳсули тафаккури волои инсонист.

Илм ва ҷаҳонбинии илмӣ муҳимтарин омилҳои худшиносии миллӣ мебошанд. Оптимизми когнитивӣ, ки тавассути донистанҳо ва ҳамчун натиҷа шинохти аслии воқеияти олам, минтақа, дохили мамлакат, васвасаи душман, мақсадҳои он ба муқобили Ватани аҷдодӣ мебошад, ба инсон, шаҳрванд мустақилан фикр карданро меомӯзад. Қимати инсон баробар ба андозаи ҳамсон ва наздик ба ҳақиқат андеша ва амал карда тавонистан аст. Сухан дар бораи «системаи тасаввурот оид ба олам, дар маҷмӯъ ва ҷараёнҳои табиӣ, иҷтимоӣ ва муносиботи инсон ба муҳити атроф» (П.Н. Федосеев. Философия и научное познание. –М.:1983. –С.17) меравад.

Албатта, ҷаҳонбинӣ метавонад ҳақиқатро таҷассум кунад, ҳамзамон қисман ва ё куллан аз ифодаи воқеият фосилагирӣ намояд. Чунин ҳолат, ҳам дар тарзи ҷаҳонбиниҳои илмӣ ва ҳам адабӣ, дар тӯли таърих ва замони муосир вуҷуд дорад. Аммо фақат он вақт ҷаҳонбиниро илмӣ номидан мумкин аст, ки зуҳурот ва моҳиятро ҳамвазн бо ҳастӣ, на дар вобастагӣ ба манфиат, майл ва хоҳиши фард ё гурӯҳи иҷтимоӣ ифода кунад, шарҳ диҳад. Реализми адабӣ низ ҳамин гуна муносибатро ба мавзӯи ҳақиқати зиндагӣ тақозо менамояд.

Дар шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ ва ба манфиатҳои миллӣ созгор будани он илм мавқеи калидӣ дорад. Талаботи аслӣ нисбат ба илм – ба ниёзҳо ва хостаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ ҷавобгӯ будан аст. Ҳатто агар дар асари илмӣ сухан дар бораи ҷараён ва давраҳои ибтидоии аз мавҷудоти дигари биологӣ ҷудо шудан ва шакл гирифтани материяи соҳиби шуур равад ҳам.

Айнан чунин талабот ба адабиёт низ пешниҳод мегардад. Дар ин маврид, масъулияти каломи бадеӣ на камтар аз масъулияти илмӣ аст. Зеро адабиёт беҳтарин, муҳимтарин воситаи шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ ва илмӣ мебошад. Каломи бадеӣ тавассути таҳлили таҷрибаи инсонӣ бештар аз илм имкони таъсиррасониро ба шуур дорад. Ба василаи як байт, шеър, суруд, достон, ҳикоя, повест, роман чунин имкон ҳаст, ки диди инсон нисбат ба ҳодисоти олам, муносибати ӯ ба воқеоти муҳити атроф тағйир ёбад. Адабиёт воситаи муассири шинохти моҳият аст. Метавонад хонанда, махсусан, ҷавононро бо тарзи таъсирбахш ба донистан, дарк кардан, сарфаҳм рафтан ба мушкилоти зиндагӣ водор созад. Қобилияти арҷгузории ӯро ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ бедор намояд. Аз ҳама муҳим, барои муайян кардани рафтори иҷтимоии ӯ такони ҷиддӣ бахшад.

Адабиёти ҳақиқӣ чӣ тавр, ба хотири кадом ормон зистан, ҷонфидоӣ карданро меомӯзад ва амалан меомӯзонад.

 

АДАБИЁТ ВА ИДЕЯ

Ҳаёти инсон ва муҳити вобаста ба он дар маркази омӯзиши воқеияти зиндагӣ тавассути инфрасохтори бадеӣ қарор дорад. Дар чаҳорчӯби чунин мантиқ илм барои илм ва адабиёт ҳам барои адабиёт нест. Адабиёт идеалофарин аст. Намунаи барҷастаро бо абзори бадеӣ тараннум мекунад. Бо образҳо, нақшҳои олӣ, идеалӣ дар муқобили бадиҳо ва хатарҳо истодагарӣ менамояд. Мубориза мебарад. Образи барҷаста ба хотири амалӣ гаштани ормонҳои иҷтимоии типпикунонидашуда «аз пеши раҳаш обу сангу кӯҳ»-ро ҷавонмардона, далерона паси сар мекунад. Фидокорӣ менамояд. Муътақид аст, ки «бе ҷидду ҷаҳд коре намеравад ба пеш». Аз болои хасм, ақида ва амалҳои зиддимиллӣ, вайронкунандагони оромии ҳаёт ва осудаҳолии миллат, амалан ё дар ҳолати ниҳоӣ мантиқан дастболо мешавад ва пирӯз мегардад.

Идеал падидаи дорои хусусияти фардӣ нест. Зуҳуроти ҷамъиятӣ аст. Натиҷаи таҷриба ва рӯзгори ҳазорсолаҳо мебошад. Андеша моил ба он аст, ки тақдири фоҷиавии халқҳо, миллатҳо, аз омилҳои тавлидкунандаи идеал мебошанд. Рӯзгори бад, тӯфонҳои зиндагӣ, нокомиҳо, сарсону саргардониҳо, фақру нодориҳо, зулму истибдод аз сабабҳои пайдоиш ва муайянкунандаи идеал мебошанд. Муайянкунии самти ормонии ҳаракат, шаклгирӣ ва дидгоҳи ниҳоии инсон ба ояндаи наздик ва дур идеяҳоро ба вуҷуд меорад. Маҳз дар ҳамин замина инсон намунаҳои мукаммал, олӣ ва олитаринро тасаввур мекунад. Ба он ба тарзи маънавӣ менигарад. Орзуи амалӣ гаштан ва дар он рӯзгор зистанро дорад. Идея таҷассумгари Ақл, Хирад, Илм, Дониш ва Маърифати инсонист. Идеал зуҳуротест, ки тавассути фаҳм, идрок, ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди комил ба идея чунин ормонро амалӣ карданӣ мешавад.

Кашфиёт нест, агар хотирнишон гардад, ки гарчанде идея шакли олии кӯшиши дарки олами ҳастӣ ҳам бошад, воқеияти реалиро дар шаклҳои гуногун, дар тасаввурот ва орзуҳо таҷассум мекунад. Аслан дар ҷараёни наздикшавии абадӣ ва беохири шуури инсон ба  воқеият ҷаҳд менамояд.

Таърихи инсоният - таърихи мубориза байни идеяҳо ва воситаи амалӣ гаштани он идеалҳо аст. Муайян кардани идея мансуб ба муассисаи масъули таъмини амният ва рушди ҷомеа – давлат мебошад. Маҳз давлат тавассути имконоти конститутсионалӣ ва салоҳият офарандаи раванд ва шаклгирии ҷаҳонбиниҳост. Ба хотири он, ки маъниофаринӣ созанда бошад. Ба ормонҳои миллӣ ва миллат созгор ояд. Ҷомеаро муттаҳид ва ба ин мақсадҳо сафарбар намояд.

Суханофаринӣ идеяофаринӣ аст. Зеро идеяҳо дар вобастагии кулл ба забон дар чаҳорчӯби мантиқи семантикӣ ва қонунияти тафаккур шакл мегиранд. Тобеъ ба сохти грамматикии забон ва захираи луғавӣ мебошанд. Дар доираи таносуби маънӣ ба мақсади мавриди назар ифода мегарданд.  Ба ибораи дигар, захираи луғавӣ, сохти грамматикӣ ва мақсадгузорӣ муҳимтарин ҷузъиётеанд, ки мантиқи идеясозиро ташкил мекунанд.

 

ДИАЛЕКТИКАИ ВОҚЕИЯТ

ВА ДИАЛЕКТИКАИ ИДЕЯҲО

Бурду бохти инсоният аз ҷаҳонбинӣ вобастагии куллӣ дорад. Шакли инъикоси ҷаҳони беруна дар шуури инсон имрӯз ва ояндаи ӯро муайян мекунад. Бадбахтӣ, фақри мунтазаму муназзами моддӣ ва маънавӣ, тантанаи ифротгароӣ ва ифтихор доштан аз ин вазъият натиҷаи сарфи назар кардан аз нисбияти ҳақиқат дар дараҷаи шуур, пойбанд будан ба мутлақияти ҷаҳонбинӣ, мубаддал гардидани донишҳо, тасаввурот ва эътиқодот ба зуҳуроти мурда ва шахшуда мебошад.

Мутаассифона, илмситезӣ, маърифатгурезӣ, бегонапарастии анъанавӣ, адами хештаншиносӣ ва эътирофи манфиатҳои миллӣ, такя ба ҷаҳонбинӣ ва тасаввуроти таҳмилӣ ба ҳолати гумроҳии иддае аз аъзои ҷомеа табдил ёфтааст. Барои чунин ашхос тасаввуроти носаҳеҳ оид ба таърих, воқеияти имрӯза ва фардо ҳамчун ҷаҳонбинӣ шакл гирифтааст.

Ба хотири дарки аслии воқеият субъекти дорои ғарази муайян мекӯшад, ки тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ оид ба олами ҳастӣ аз дараҷаи эҳсос боло наравад. Сифати моҳиятӣ надошта бошад.  Дар майнаи ҳадафи интихобшуда фақат ҷузъи предмет инъикос ёбад. Аммо дарки ҳастӣ он вақт муяссар мегардад, ки маҷмӯи сифатҳои предмет бо мисолҳо, таҷриба ва аёният тафсир гардад. Чунин хосият дар вобастагӣ ба донистани алоқаҳо, муносибатҳо ва миёнҷигариҳо дар дараҷаи идрок муяссар мешавад, на дар сатҳи эҳсос. Ин навъи омӯзиш – наздикшавии шуур ба ҳастӣ, фаҳми амиқи зуҳуроти оламро печида ва мушкил мегардонад. Инсонро аз дарки воқеии ҳодисаҳо ба канор мебарад.

Бозиҳои геополитикӣ, бо суиистифода аз эътиқодоти мардуми мусулмон, ҳар сол даҳҳо ҳазор кушта ба бор меоранд. Ин фоҷиаи бузурги инсониро бо истифода аз истилоҳоти «ҷиҳод»-у «шаҳид» рӯпӯш ва «фаҳмо» тафсир карданӣ мешаванд. Ва тасаллӣ медиҳанд: «эй арӯси ҳунар, аз бахт шикоят нанамой» (Ҳофиз), ки тақдир ин аст. Доираи мантиқи ниҳоии сиёсӣ кардани ислом аз ин фарохтар нест. Мақсад – гирифтани ҳукумат, қудрати сиёсӣ аст. На ҳифзи ислом. Дин дар ин маврид эътиқод нест. Восита аст. Асбоб аст. Ниқоб аст. Магар Сурия, Ироқ, Афғонистон, Тунис исломӣ нестанд? Қасди фақат дар доираи эҳсоси динӣ, на дарки воқеӣ ва илмии масъала нигоҳ доштани мусулмонон аз ҳамин иборат аст. Субъектҳои манфиатдор сиёсӣ кардани мусулмононро «чун гирдбод дар саҳрои ғам» барои нафъу нафс нигоҳ доштанӣ ҳастанд. То замоне ки маърифати мардум ба фаҳми макри онҳо нарасад, охиринҳо «дар пойи дил хор мешикананд». Ва ин ҷараёни фоҷиабарангез беохир хоҳад буд. Тарзе кор бояд бурд, ки мардум фаҳманд, сохти дунявии давлатдорӣ ба ислом эҳтироми бузург қоил аст. Ҳамчун муъҷиза. Ҳамчун эътиқод. Он ҷузъи урфу одат, анъана ва маънавиёти миллӣ аст. Суиистифода аз дин ба хотири қудрати сиёсӣ, ба бадбахтӣ гирифтор кардани миллионҳо мардуми мусулмони бегуноҳ ҷиноятест азим.

Дар тӯли таърих қувваҳои зиддимиллӣ дар маърифатнок гаштани оммаи мардум манфиатдор набуданд. Мантиқи муаллимбадбинӣ, олимкушӣ, илмситезии таърихӣ, фарҳангношиносӣ аз дунёи қадим то имрӯз ва баъд ҳам ин ҷаҳолатро дунбол кардааст ва то ҳадди имкону тавон дунбол хоҳад кард. Дар ҳамин замина, адабиёти тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба хотири нигоҳ доштан ва ҳифз кардани забон, фарҳанг ва маънавиёти волои мардум қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳо кардааст.

Бадбахтии дигар, майл надоштани қисми одамон ба андухтани дониш аст. Онон, мутассифона, нисбат ба илм, ақаллан, ба хотири аз ҷаҳолат, вобастагӣ ва ғуломии маънавӣ растан мароқ зоҳир намекунанд.

Иқрор бояд шуд, ки аз маърифати дунявӣ ва донишҳои илмӣ, ки зиндагӣ тавассути онҳо пешрав мегардад, канораҷӯӣ кардан як навъ ҷаҳонбинии таърихан шаклгирифта мебошад. Миллат дар ин гунаҳгор нест. Аҷнабиҳои манфиатдор бо зӯру истибдод асрҳо ин тарзи тафаккурро ба мардум бор кардаанд. Албатта, бо мақсади осудатар, самараноктар ҳукми ғуломдорӣ рондан. Аслан, тақдири миллатҳои маҳкумгардида, мазлумикашида ва азиятдида ҳамин аст.  Таҳаммул ва ҳатто тараннуми андешаю тафаккури ғуломӣ имрӯз дар баъзе нуқоти олам, аз ҷониби алоҳида шаҳрвандони мо ба чашм мерасад. Бо пули аҷнабиён, бо маънавиёти аҷнабиасос, таҳти раҳбарӣ ва ба манфиати дигарон рафтори ғуломона ба намоиш гузоштан, барояшон касби ифтихорӣ гаштааст. «Гадо чун аз як дар гузашт, шарми рӯяш мепарад». Ин падида, тавре хотиррасон шуд, гуноҳи маҳзи онҳо ҳам нест. Ҷанба рӯҳи бандагии таърихӣ дорад. Бо пойдории давлати миллӣ, рушди тафаккури миллӣ, чунин тарзи андеша ва ҷаҳонбинӣ ҳам, бешубҳа, аз байн хоҳад рафт.

Дар майнаи иддае аз одамон ҳисси осони бешуурона, ғайри хоҳиши худ фосила гирифтан аз омӯхтани илм ва донистанҳо мавҷуд аст. Барои ҳамин ҳам, онҳо ба ҳар касе, ки даъвои фаҳму тафсири масъала дорад, сар дар қадам мениҳанд, мутеъ гаштанро бар худ раво мебинанд. Гумон мебаранд «дунё на аз партави хуршед, балки аз ваъзгӯии онҳо равшанӣ дорад». Ин рӯҳияи анъанавии омиёна ва бандагии мардуми бечораи мусулмон аст. Бешубҳа, топонимикаи мавзеъҳои хушоянд, макони зист, «мазорҳои мавриди саҷдагоҳи умумӣ»-и қавмҳои бегона, ки барои мардуми тоҷик аз хизматашон ба қадри як коса об далел нест, намунаи ақидаи ҳамин саҷдагарӣ ва содадилии қавм аст. Онҳо, мутаассифона, барои кӯшиши зери шубҳа гузоштан, дарк кардани ин масъалаҳои одиву авомона ҷуръат намекунанд. Ин зуҳуротро зери тазйиқи илмӣ намегузоранд. «Агар одамон тасдиқ кунанд, ки онҳо ҳақиқатро (илм, маърифат, равшангароиро – С.Я.) наметавонанд аз бар кунанд, нисбат ба имконоти худи онҳо туҳмати ниҳоят сангин аст. Дар ин ҳолат инсонҳо худашон намедонанд, ки чӣ гуфта истодаанд. Медонистанд, он вақт мефаҳмиданд, ки ҳақиқатро аз онҳо рабудаанд» (Г.В.Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Философия духа Т.3. –М.: Мысль.1977. –С. 421).

Ҳамин тариқ, «рабудани ҳақиқат аз инсонҳо», тавре олими маъруфи олмонӣ таъкид кардааст, падидаи ниҳоят ҷиддӣ ва хатарноки асри навин гаштааст.  Рабудани ҳақиқат аз одамон – рабудани ақли онҳост. Ба хотири раҳбарӣ, раҳнамоӣ, бандасозӣ истифода кардан.

Сабаб ҳамин аст, ки баъзе аз афроди ҷудогона, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва субъектҳои сиёсӣ тавассути дар ғафлати маърифатӣ мондани иддае аз одамон, аз «воқеият»-и ночизи худ идея сохтанӣ ва идеал тарошиданӣ мешаванд. Падидаҳои терроризм, экстремизм тавлидкардаи «воқеияти субъективӣ» мебошанд. Ин субъектҳо дар доираи ҳудудҳои миллӣ, минтақавӣ ва бадтар аз ҳама, дар миқёси ҳавзаҳои бузурги глобалӣ мавҷуданд. Дар доираи ҳудудҳои миллӣ, сарфи назар аз имконоти зеҳнӣ, тахассусмандӣ ва манфиатҳои мардумӣ мехоҳанд қудрати сиёсиро ба даст оранд. Дар дараҷаи минтақа орзуманди салтанати минтақавианд. Дар сатҳи глобалӣ мақсади ҳарчи бештар ғасб кардани боигариҳоро берун аз ҳудуди ҷуғрофиёии худ дунбол мекунанд. Методи аслии таъмин кардани нақшаҳои ғаразнок ҳамоно «аз худ кардан», «рабудани ҳақиқат» (ақл, фаросат, ҷаҳонбинӣ)-и инсонҳост.

Осебпазирии гурӯҳи одамон, тавре таъкид гардид, дар ҷаҳолати онҳост. Яъне субъектҳои муассире, ки ҳадафҳои зиддимиллӣ доранд, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинии мардум сару кор мегиранд. Ба ибораи дигар, ба майдони муқаддаси адабиёт вориди набард мегарданд.

Муборизаи душманони давлатдории миллӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷаҳонбинӣ, мундариҷаи системавӣ – структуравӣ ва функсионалӣ дорад. Ин мубориза ҳама вақт шадид буд. Ҳамин тавр хоҳад монд.  Истодагарӣ ва пирӯз гаштан дар ин мубориза ба дониш, тахассусмандӣ ва нангу номуси миллӣ ниёзи доимӣ дорад.

Аз он дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар муддати се даҳсолаи ахир ба даст овард: оташи ҷангро хомӯш ва миллатро сарҷамъ кард; давлати миллиро асос гузошт; онро бунёд кард; иқтисодиёти мамлакатро барқарор ва кишварро сарсабзу обод намуд; тоҷи гумшудаи тоҷикро бозгардонд; миллатро дар ҷаҳон соҳиби ифтихор кард; кишварро ба ватани адолат ва сулҳу амният табдил дод. Инҳо намунаи корнамоиҳои бемисли Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик мебошанд. Даст болои сина иқрор бояд гашт: ин туҳфаи осмонӣ набуд ва нест. Ҷонбозиҳо, сарсупурдагӣ, матонат, ҷасорат, рӯинтанӣ ва дар набардҳои бисёр вақт нобаробар ба майдон баромада, ҷоннисориҳо кардан, садҳо бор бо хасм рӯ ба рӯ гаштан ва пирӯз омадани Шахсияти бузург – фарзанди миллати тоҷик аст. Он ҳам, ки ин Абармарди таърих бо фурӯтании ҷавонмардона дастовардҳоро мансуб ба миллати бузургаш медонад, ҳақиқат ҳаст. Ҷасорат, мардонагӣ, баҳри хушбахтии Миллат худро дар обу оташ андохтан, ҳамчун намуна, падидаи беназири миллӣ дар симои як фард ба миллат ва андешаи миллӣ бетаъсир намонд. Мардум дар атрофи Ӯ ҷамъ омаданд. Домони Ӯро гирифтанд. Бо Ӯ ҳамсаф шуданд. Пайравӣ карданд. Ва пирӯз гаштанд.

Миллатҳои муваффақ ва пешқадами дунё маҳз бо ҳамин гуна раҳбарони эътирофшудаи умумимиллӣ, ки номашон дар сафҳаҳои таърих сабт шудааст, қудратманд гаштаанд. Давлати миллӣ сохтаанд. Ин гуна идея ва идеалро ҳифз намудаанд. Наслҳоро ҳам бо ҳамин идея, идеал ва кору пайкори онҳо ҳамчун тимсоли қаҳрамонӣ ба камол расонидаанд. Ғолибияти андешаи миллӣ ва мустақилияти давлатиро дар шуури миллат собит кардаанд. Ва ҳамин тариқ, ба умри миллат ва давлатдории миллӣ абадият бахшиданд. Зеро аксиома – ҳақиқати миллиард маротиба тасдиқшуда он аст, ки бидуни пирӯзии андешаи миллии фарогир истиқлолияти миллӣ пойдор нахоҳад монд.

Арзишмандии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ на камтар аз ноил гаштан ба истиқлолияти давлатӣ аст. Зеро мафҳумҳои осудагӣ ва рушди миллӣ мафҳумҳои мутлақ ва абадӣ нестанд. Нисбӣ мебошанд. Умри таърихӣ ва пойдории онҳо аз тавони умумимиллии ҳифз карда тавонистани  манфиатҳои Ватан дар вобастагӣ ба заҳмати ҳамарӯза ва доимӣ қарор дорад.

Ба хотири бозгашт ба мавзӯи асл, таъкид бояд кард, ки муҳтавои адабиёт тасвири хосияти умумии материя, яъне инъикоси он мебошад. Инъикос метавонад дар шакл, мазмун ва дараҷаҳои гуногун ифода ёбад.

Таҳқиқи назарияи инъикос баёнгари он аст, ки предметҳо, аз ҷумла одамон дар натиҷаи муносибат ва ҳамкорӣ сифати таъсиргузории худро ба ҳамдигар нишон медиҳанд.

Хосияти инъикос карда тавонистан вобаста ба структура, сифат ва қудрати материяи муташаккил аст. Яъне, субъект то кадом андоза тавони асар гузоштанро дар объекти мавриди назар дорад. Мундариҷаи рафтори одамон, дар маҷмӯъ, аз ҳамин ҷузъи муҳим вобаста аст.

Терроризм ва экстремизм ҳам ҷаҳонбинии аз нигоҳи илмӣ асоснокшудаи инъикоси шакл ва мундариҷаи тафаккури муайян аст. Мантиқи назариявӣ, нишонаи зоҳирӣ ва авомфиребонаи он мубориза барои мақсадҳоест, ки гӯё Осмон муайян кардааст. Дар асл, инсон пойбанд ва ғуломи  ақидаҳое мебошад, ба хотири ормонҳое худро дар обу оташ ғӯтавар мегардонад, ки дар Замин фикр карда бароварда шудаанд. Манфиатҳои воқеии афрод, доираҳо ва мамолики муайянро амалӣ мекунанд. Осмон ҳатто аз онҳо огаҳӣ надорад. Ва агар донад, аз рафтори чунин бандагон сахт дар хиҷолат мемонад.

Агар рӯҳияи дунявият заиф шуда, эътиқоди илмпарварӣ ва маърифатсолорӣ дар миёни қишрҳои гуногуни мардум шикаста гардад, тақдири инсон ниҳоят осебпазир, фоҷиавӣ хоҳад гашт. Давлатҳои миллӣ ба бесуботӣ, шикаст, оқибат ба нестӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ин ҳолат, заминаи мусоидро барои ифротӣ гаштани қувваҳои ҳаракатдиҳандаи бадӣ фароҳам меорад. Рӯҳияи ифротӣ ба қувваи материалӣ мубаддал мегардад. Он вақт дигар дер мешавад. Аз таҷрибаи рӯзгори Афғонистон баҳра бояд гирифт. На Паймони Варшава ва на НАТО ба дарди ин ҷомеа дармон нашуданд. Ва шуда ҳам наметавонанд. Бемор худ қудрати дармон надорад. Аз ин ҷо, «Худойро аз табиби ӯ бипурсед, Ки охир кай шавад он нотавон беҳ?».

Адабиёт таҷассумгари зуҳуроти системаи муҳити атроф мебошад. Дар он худи инсон зиндагӣ мекунад ва ҳаёти ӯ ҷараён дорад. Он муҳимтарин субъекти сиёсии муборизабаранда барои таъмини осудагӣ, рушд, манфиатҳои миллӣ ва офариниши рӯҳи ватандорӣ аст.

Инҷониб эътиқодманд аст: маҷмӯи масъалаҳое, ки давлати миллӣ онҳоро ҳаррӯза муҳим эълон мекунад, зиндагии осоишта ва рушди мамлакатро аз онҳо вобаста медонад, дар айни замон бояд нақшаи рӯимизии адиб бошанд. То замоне ки он масъалаҳо ҳаллу фасли худро ёбанд.

Агар ба таърихи адабиёти тоҷик як назари умумӣ андозем, муҳимтарин мавзӯоти он Ватан ва рушди миллӣ мебошанд. «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме», «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт», «Зи баҳри бару буму фарзанди хеш», «Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд», «Хоҳам, он хонаи бедоду ситам вайрон бод!», «Аз ахгари инқилоби мо сӯхт…», «Як нафас дар зиндагони фориғ аз кӯшиш набудам…», «Ман на он мардам, ки аз қасди фалак парво кунам», «Қасидаи ҷанг ва зафар», «Вақти он аст, эй қалам…», «Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт», «Асри ман, …» «Ҷон ба раҳи Ватан нисор, ман накунам, кӣ мекунад?» ва садҳо ҳазор мисраъ, байт, достон ва дигар намунаҳои аслии жанрҳои  бадеӣ.

Воқеияти материалӣ, манфиатҳо, идеяҳо, назарияҳоро муайян мекунад. На баръакс. Сирри дигаре ин ҷо вуҷуд дошта наметавонад.

Гегел устодона гуфтааст: «дар ин вазъият интеллигентсия ба он чизе ноил мегардад, ки худаш онро хуб медонад. Ин ҳолат (эҷодиёт - С.Я.) дигар мавҳум нест. Мафҳуми объективӣ аст. Дар ин маврид мавод шакли муайянро гум мекунад. Ба образ мубаддал мешавад. Чунин муҳтаво ба рӯҳ мансуб мегардад» (Г.В.Ф. Гегель. Философия духа. –М.: Мысль. 1977. –С. 44).  Маҳз ба ҳамин хотир, «нависандагон меъморони рӯҳи одамизод ҳастанд» - гуфтани сарвари даврро дар съезди якуми нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ М. Горкий ва даҳҳо нависандагони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ гаштаву баргашта иқтибос овардаанд ва хотиррасон кардаанд.

Хулосаи ин қисмат иборат аз хотиррасон кардани воқеияти реалие ҳаст, ки ҳаёти сиёсӣ ва адабӣ дар он ҷараён дорад. Ин воқеият аз сохтан, мустаҳкам кардан, раванди бебозгашти таърихӣ бахшидан ба сохти давлатдории миллӣ ва мавқеи адабиёт дар он аст. Аз нигоҳи одӣ, ин ҷараён ҳамвор ва беозор менамояд. Аммо ҳар лаҳза, ҳар сония, ҳар дақиқа, ҳар рӯз ҷараёни беисти диалектикии муборизаҳо, аз ҷумла ақидаҳо, амалҳоро эҳсос бояд кард. Баръакс, тааммул кардан, воқеиятро ба назар нагирифтан, ба ҳақиқати илмӣ мувофиқат намекунад.

Он ҳалли масъала нест. Талаботи диалектикӣ ин аст: «Инъикоси воқеияти объективӣ дар шуури инсон, на мутлақ, на беҷон, на беҳаракат ва на безиддият аст. Балки он доим дар ҳаракат, дар зиддият, тағйирёбӣ ва ҳаллу фасл қарор дорад. Ин ҳолат беохир мемонад».

Қувваҳои носолим ба муқобили назария ва амалияи сохтану пойдор гардонидани давлати миллӣ хеле фаъоланд. Гарчанде имконоти зеҳнӣ ва зарфияти интеллектуалии онҳо дар дараҷаи ниҳоят паст қарор дорад. Мутаассифона, намунаи шармовари касоди ақлии содалавҳона ва дилбеҳузуркунандаи тамаллуқкорона бар ивази маблағҳои «бихӯр-намур»-и (таъбири худи онон) аҷнабиён аст. Аммо онҳо ба бадӣ қодиранд. Ба онҳо ин таълимро медиҳанд. Майнаи ҷавонони содаву гумроҳу нодонбачаҳо (маънӣ аз М. Турсунзода) нишони онҳост. Ин майдон – майдони мусобиқаи адабиёти давлати миллӣ ва зархаридони аҷнабӣ аст. Маҳз барои ҳамин мубориза бо чунин зуҳурот – мубориза барои истиқлолияти зеҳнӣ ва истиқлолияти миллӣ мебошад.

Агар мақсади аслӣ – сохтани давлати миллии пойдор ва ба асрҳои аср давомдор бошад, ин кори чандон саҳл нест. Давлати мо, ки бо умри наздик ба се даҳсола аз умқи ҳазорсолаи бедавлатӣ, бенишонӣ, вобастагӣ берун омадааст, наметавонад ба зудӣ аз ин бори гарони зеҳнӣ, ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ба пуррагӣ озод бошад. Эстафета (сабқат)-и инъикоси воқеаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур, бидуни шак, аз худ аломатҳо ба намоиш мегузорад. Ҳам аз ҷиҳати мусбат ва бешубҳа, аз лиҳози манфӣ ҳам.

Муҳити ҷамъиятӣ офаранда ва нигаҳдорандаи афкори ҷомеа аст. Мавҷудияти инсон омили беохири таъсиррасонӣ, шаклгирии мундариҷа ва тарзи тафаккур мебошад.

Барои сохтан, қувват бахшидан ва ба давомнокии давлатдории миллӣ умед бастан захираи иҷтимоии ба чунин сохти давлатдорӣ муътақид ва ҳифзкунандаи онро бояд офарид, чунин захираи иҷтимоиро ба камол расонид. Онро рӯйи саҳнаи иҷтимоӣ бояд гузошт. Итминон аст, ки адабиёт аз зуҳур то умқ ба ҳамин масъалаи ниҳоят мураккаб, ҷиддӣ, печ дар печ, тибқи принсипи таърихият дар муқоиса бо воқеияти имрӯз ва нигоҳ ба оянда бо заҳмати воқеӣ муносибат мекунад.

 

АДИБ ВА ТАФАККУРИ БАДЕӢ

Адиб ҳамчун субъекти офарандаи асари бадеӣ дар ҷомеа вазифаи худро вобаста ба дидгоҳ, ҷаҳонбинӣ, самтгирии идеявӣ ва масъулияти иҷтимоии хеш иҷро мекунад. Ба мисли дигар аъзои фаъоли ҷомеа омилҳои умдае, ки дар шаклгирӣ ва инкишофи шахсияти ӯ муассиранд, даврони бачагӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, синни камолот, мактаб, донишгоҳ, устодон, алоқаҳо, муносибатҳо, фаъолияти корӣ, вазъи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, табиат, муҳити атроф мебошанд. Волидайн, маънавиёти онон аз муҳимтарин ва нахустин сабабҳои қалам бигрифтан ва эҷод кардани адибон шинохта мешавад.

Бо дарназардошти хосияти сабабии муҳиммияти тарбия, ки ҳатман таълимро низ дар назар дорад, инҷониб бештар пайрави андешаи омили табиӣ, азалии тақдири инсон ҳамчун асоси конститутсионалии ташаккули шахсият мебошад. Мутаассифона, ирсияти олимон, шоирон, нависандагон, ба истиснои ҳолатҳои ниҳоят камназир, дар насли ин соҳибтахассусон  чашмрас  нест. Маҳз ба ҳамин хотир, «ногаҳон чун кони тилло шоире пайдо шавад» - гуфтани худи шоир ҳам набояд бесабаб бошад.

Шахсияти адиб, аз мавзӯоти муҳимми адабиётшиносӣ аст. Аз кадом матоъ бофта шудани ӯ метавонад посухгӯи суоле бошад, ки оё хонанда бо адиб «шаби зулмат дар роҳи биёбонӣ ба куҷо хоҳад расидан?». Ва оё шамъи қалами адабӣ тавони равшан кардани роҳи ӯро дорад? Ва ё танҳо монандӣ ба шамъи субҳгоҳон мекунад? (маъниҳо аз Ҳофиз).

Хонандаи тоҷик адибро, барҳақ, чун олим, хирадманд, мутафаккир, ҳамадон, рӯҳшинос тасаввур мекунад. Чунин эътиқодот ва эътироф аз шахсиятҳои ин касаба масъулияти ҷиддиро тақозо дорад. Ифодаи маъмули «сухани чопӣ меомӯзад – чӣ тавр бояд зист, ба хотири чӣ ҷонфидоӣ  кард?» вазифаҳои соҳибқаламро барои таъмини манфиатҳои Ватан бештар мегардонад.

Асари офаридаи эҷодкор – сифати шахсияти ӯст. Қаҳрамони асари бадеӣ рӯҳи худи нависанда аст. Он нусхаест, ки аз шахсияти ӯ кӯчида, вориди асараш мегардад. Ӯ даст ба дасти қаҳрамонҳояш сар то ба по дар шеър, суруд, манзума ва ҳама жанрҳои бадеӣ ширкат меварзад. «Партави нурест, ки то қуръаи давлат ба номи ӯ расидан заҳмат мекашад». Идеяофарин аст. Ва қасди ба саҳнаи сухан ворид кардани қаҳрамонон ва персонажҳои асари бадеӣ тавъам бо композитсияи бадеӣ амалӣ кардани ана ҳамин идея аст.  Ӯ на танҳо муаллиф, балки «коргардони асари бадеӣ» мебошад.  Бо абзор ва қисматҳои асари бадеӣ ҳадафи таълиф ва мавқеи шахсии худро нисбат ба раванд ва рӯйдодҳои ҷамъиятӣ исбот карданӣ мешавад.

Хонанда (бинанда, шунаванда) чандон эҳсоси ниёз ба донистани тарҷумаи ҳоли адиб надорад. Зеро ҳангоми мутолиа ҳамзамон бо муаллиф шинос мешавад. Унс мегирад. Гоҳо бо нутқи дохилӣ бо ӯ баҳс мекунад. Вориди фазо, замон ва муҳити амали қаҳрамонҳои асари бадеӣ мегардад. Айбу ҳунари муаллифро аз сухан гуфтанаш дарёфт мекунад. Агар беҳтарин роҳи фаҳмидани инсон рафтораш бошад, «сухан нақши амал аст» (Солони Афинӣ, мутафаккири Юнони қадим). Ин хулоса аз ҳама беш ба адиб нисбат дорад.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои илм дар маҷмӯи ҳодиса ва равандҳои ҷомеа омӯхтану ошкор кардани қонуниятҳои рушди онҳо, пешгӯӣ кардани ҳаводисе, ки мардумро интизор аст, ба ҳисоб меравад. Ин хосият ба пуррагӣ марбут ба фаъолияти бадеӣ низ мебошад. Адабиёти классикӣ ва даврони навтарин – то замони истиқлолият аз чунин мисолҳо бой аст. Аз маҷмӯи ҳодисаву воқеаҳо, раванди такроршавии рӯйдодҳо, ҳамонеро, ки адиб бо чашми худ мебинад, бо гӯши худ мешунавад, онҳоро меомӯзад, таҳлил ва арзёбӣ мекунад, хулоса мебарорад. Ӯ метавонад қонуният, равиши ҳодисаҳо ва оқибати онҳоро ба пуррагӣ тасаввур кунад. Экстраполятсияи ононро ба ҷомеа расонад. Ба мақсади пешгирӣ кардани он ба ҷомеа офаридае манзур намояд.

Муаллиф бар ин ақида аст, вақте адабиёт ба масъалаҳои муосир, рӯзмарра муроҷиат мекунад, ниҳоят мураккаб будани равандҳои глобалӣ, минтақавӣ, мақсад ва нақшаҳои субъектҳоеро, ки истиқлолияти зеҳнӣ ва ҳамчун натиҷаи он мустақилияти давлатии моро намехоҳанд, дарк менамояд. Онро дар маҷмӯъ тасаввур мекунад. Медонад, ки ин қувваҳо бо тамоми кӯшиш дастоварди таърихии миллати тоҷикро нодида мегиранд, балки мехоҳанд инкор намоянд. Ба ҳамин хотир, алтернативаи гуногуни пешгирӣ намудани рушди миллии моро коркард ва роҳандозӣ карданианд.

Тавре хотирнишон гардид, рӯйдодҳои комилан манфие, ки ба назар мерасанд, махсусан, бошуурона зери таъсири ақидаи аҷнабиён мондани гурӯҳе ба хотири дастмузд ва рӯзгузаронӣ, пайрави ақидаҳои ифротгароӣ шудани иддае аз ҷавонон хусусияти сирф таърихӣ дорад.

Миллати тоҷик се давраи чунин фоҷиаи бузургро аз сар гузаронидааст. Ҳар се марҳалаи бадбахтии миллӣ маҳз бо суиистифода аз каммаърифатӣ ва эътиқодоти хурофотии мардум ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар замони хулафои Аббосиён хиёнати муллоҳои мутаассиби берун аз қаламрави давлат таҳсилкарда, бо шикасти давлати Сомониён анҷомид. Давраи дуюм – ҳаракати босмачигарӣ – ҳамчун ҳомиёни асили сулолаи Манғитиён, ки ба миллати тоҷик ягон ирти



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Андешаи муғризонаи сомонаи ифротӣ

Хабарҳо, Сиёсат
Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ

Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ

Сиёсат
Оила макони тарбияи шахсияти баркамолу худшинос аст

Оила макони тарбияи шахсияти баркамолу худшинос аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ

Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ

Хабарҳо
Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Хабарҳо, Маориф ва илм