Дар як сатр
» » Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

26-09-2017, 09:02

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар самти пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тибқи нақша-чорабиниҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба Соли ҷавонон чорабиниҳои гуногуни маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида шуд.

Шунидани ахбороти мудири бахши фарҳанг ва муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Баҳористон» оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳо оид ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, заминагузорӣ дар самти мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун омили нигаронкунанда ва сарчашмаи асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ низ аз зумраи чорабиниҳои нақшавии Шӯро мебошад.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳо дар асоси нақша- чорабиниҳои комиссия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати фаҳмонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун, аз қабили ташвиқу тарғиб оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, суботи сиёсию иҷтимоӣ, таъмини сиёсати стратегӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вазнин ва омилҳои он, баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, дастгирии ниёзмандон ва ятимони кулл, татбиқу иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фаъолияти суботкорона бахшида ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон бо сокинони маҳал вохӯрию суҳбатҳо гузаронида шуд.

Дар ин давра бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 22 мусобиқа аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш баргузор намуд. Ҳамзамон, тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз 6 январи соли 2017 оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №1409 «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ» қабул гардида, барои амалӣ гардидани он тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати шахсони бонуфузу кордида, ҷавонону бонувони боистеъдод дар баробари расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, ба масъалаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад ва яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, барои пешгирии ин вабои аср маслиҳатҳои муфид доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, аз тарафи Роҳбари давлат таъкид гардидааст, ки мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад. Ҳамзамон бо ин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд.

Дар ин давра аъзои Шӯро, кормандони бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандӣ ва нозирони минтақавии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ ва амалиётҳо гузаронида, байни аҳолӣ зиёда аз 300 маротиба суҳбату мулоқотҳо бо нав-расон ва ҷавонон дар мавзӯи «Нашъамандӣ -вабои аср», «Нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва наврасон» доир карда, ба мақсади солимии шаҳрвандон «Дави миллӣ» таҳти унвони «Солимии ҷавонон- солимии миллат» гузаронида шуд.

Чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, аз ҷумлаи мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои «Мубориза бар зидди маводи мухаддир -мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм», «Нашъамандӣ - вабои аср», “Тарзи ҳаёти солим”, суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар маҳалҳои зист, масҷидҳои панҷвақта дар мавзӯъҳои «Ислом бар зидди нашъамандӣ», «Мубориза бар зидди нашъмандӣ ба хотири тоза нигоҳ доштани генофонди миллӣ» низ аз қабили тадбирҳоест, ки Шӯро дар ин давра амалӣ намудааст.

То имрӯз дар ноҳия дар ҳуҷраи беморони нашъаманд кӯдакон ва занон дар қайд нестанд. Аз тарафи ҳуҷраи бемориҳои нашъамандии Маркази саломатии ноҳия бо беморони гирифтори нашъамандӣ, ки мутаассифона, дар ноҳия 31 нафарро ташкил медиҳанд, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, саломатиашон зери назорат аст.

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадори ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин мешуморанд, ки ҳар як фарди бонангу номусро лозим аст фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор ва аз байн бурдани гурӯҳҳои нашъаҷаллоб, нашъамандӣ дар байни ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Х. НЕЪМАТОВА,
раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба
пешгирии истеъмоли маводи нашъадори
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Насимҷон РАҶАБОВ: «Ҳамкориро бо аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ пурзӯр бояд кар ...

Насимҷон РАҶАБОВ: «Ҳамкориро бо аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ пурзӯр бояд кар ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Боздошти 14 сокини Афғонистон бо 383 килограмм маводи мухаддир (видео)

Боздошти 14 сокини Афғонистон бо 383 килограмм маводи мухаддир (видео)

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар мубориза бо нашъамандӣ коҳил набошем (видео)

Дар мубориза бо нашъамандӣ коҳил набошем (видео)

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бақайдгирии 502 нашъаманди аз 18 то 29-сола

Бақайдгирии 502 нашъаманди аз 18 то 29-сола

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА