Дар як сатр
» » Роҳ ба сӯи фардои дурахшон

Роҳ ба сӯи фардои дурахшон

11-01-2019, 13:31

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, саршори ғояҳои нави бунёдкорона буда, моро ба шоҳроҳи тараққиёти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳидоят менамояд.

Президенти мамлакат дар Паём соли 2018-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ арзёбӣ намуда, расман оғоз гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», агрегати якуми Неругоҳи барқи обии "Роғун”, ки иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, мулоқоту музокироти дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегии байни ин кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар  ҳамчун рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми мо баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад. Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Оғози корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди неругоҳҳои барқи обии "Сангтӯда 1” ва "Сангтӯда 2”, оғози татбиқи лоиҳаи КАСА-1000, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии "Лолазор”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 - киловолтаи "Лолазор - Хатлон”, зеристгоҳи барқии "Хатлон”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 - киловолтаи "Ҷануб-Шимол”, ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2 - и Душанбе бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2 - и Душанбе бо иқтидори 300 мегаватт аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифз, тартиботи ҷамъиятӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Инчунин, Пешвои муаззами миллат дар идомаи ироаи Паёми хеш чунин иброз доштанд: "Соли ҷорӣ "Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

Дар умум метавон гуфт, ки дар Паёми Сарвари давлат ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таваҷҷуҳи зиёд дода шуда, роҳу усулҳои самарабахши танзиму таҳкими онҳо муайян карда шудаанд. Таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ  дастурамали мукаммали рушду ободонии кишвари азизамон буда, воқеан раҳнамунсозу мушкилкушои ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошанд.

 

Шарифхон Тиллоев



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Ҳокимияти давлатӣ

Д. Гулмаҳмадзода: «Захираҳои гидроэнергетикии кишвар бойигарии милии мо аст ...

Ҳокимияти давлатӣ
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Хабарҳо
Рўҳбаландӣ аз Паём

Рўҳбаландӣ аз Паём

---