Дар як сатр
» » Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбад

Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбад

12-01-2019, 11:30

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони ноҳияи Балҷувон дастгирӣ ва ҳамовозии самимиро ба амал овард. Зеро ҳар нуктаи он баҳри беҳбудии зиндагӣ ва шароити иҷтимоии мардуми кишвар нигаронида шудааст.
Бо пешниҳоди Пешвои муаззам то соли 2021 идомаи корҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва соҳибкасб гардонидани ҷавонон бори дигар аз сиёсати дурандешонаи Сардори давлатамон шаҳодат медиҳад. Инро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия ва дигар бахшҳои масъул баҳри амалӣ гардонидани нуктаҳои Паём нақша-чорабиниҳо тартиб додаанд. Имрӯз аллакай як зумра тадбирҳо андешида шуданд.
Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибхоназан, нафа-қахӯр Зебо Алиева, сокини деҳаи Саримазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим, омӯзиши хонагӣ ташкил карда шуд. Ин зани 65-сола, ки дар ҳунарҳои кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, қаламарезгӣ (қуроқдӯзӣ) маҳорати баланд дорад, тасмим гирифт, ки ҳунари худро ба занону духтарони маҳаллаашон омӯзонад. Ба ин мақсад қарор дод, ки занони хоҳишмандро дар хонаи худ ҷамъ оварда, ба онҳо хунари худро омӯзонад. Нияти апаи Зебо дар байни ҳамдеҳагон хеле хуш қабул гардид. Имрӯз аллакай 10 нафар занони ҳамдеҳа дар атрофи ин зани ташаббускор ҷамъ омада, дарси ҳунар меомӯзанд.
Қобили қайд аст, ки ин мактаби ҳунарро идораи шуғли меҳнат ва муҳоҷирати ноҳия дастгирӣ менамояд. Барои ривоҷи кори омӯзандагони ин хонаи ҳунаромӯзӣ заруриёти кори дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ ва матоъҳои лозимаро таъмин менамояд.
Ҳамчунин, идораи шуғли аҳолӣ мақсад дорад, ки дар мактаби омӯзиши калонсолон, воқеъ дар деҳаи Сайф Раҳим, курси ҳунаромӯзии занони хонашинро ташкил намояд. Дар ин даргоҳи ҳунар, чуноне ки роҳбари идораи шуғли аҳолӣ изҳор дошт, 30 нафар занони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию кашидадӯзӣ, тоқидӯзӣ ва ғайра фаро гирифта мешаванд. Маблағи сарфи ин кор аз тарафи идораи болозикр пардохт карда мешавад. Машғулиятҳои курси мазкур баъди анҷоми таътили зимистона оғоз хоҳанд гардид.
Рӯзигул ҚУРБОНОВА,
мудири Кумитаи кор бо занон ва оилаи
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Балҷувон,
Наҷот САФАРЗОДА, рӯзнома нигор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Балҷувон:Боғҳои куҳна барқарор мешаванд

Арсаи кишоварзӣ
Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Таъсиси маркази ҳунаромӯзӣ дар Кӯшониён

Хабарҳо
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш