Дар як сатр
» » ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРИ АМАЛИ МОСТ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРИ АМАЛИ МОСТ

12-01-2019, 09:27

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, чун паёмҳои қаблӣ, бешак, дастури кории ҳар як хизматчии давлатӣ ва шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон аст. Дар ин санади муҳим, ки роҳнамо ва дастури амал барои рушди мамлакати азизамон аст, таҳлили амиқи нишондиҳандаҳои асосии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ва пешниҳоду ғояҳои бисёр дурандешона ва созанда барои оянда ироа гардидааст.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки бо дарназардошти равандҳои муосир, мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем. Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодааст. Тавре ки дар Паём таъкид гардид, дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.
Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.
Роҳбари мамлакат ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки бояд фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшанд ва доир ба вазъи иҷрои корҳо ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Барои расидан ба ин мақсад дар ноҳияи Панҷ амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин таъмини самаранокӣ ва сифати онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи «Равзанаи ягона» дар соли 2018 дар миқёси ноҳия 6113 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуданд, ки ин нишондод нисбат ба 9 моҳи соли 2017-ум 72 адад зиёд  гардидааст. Тибқи маълумот, дар нуҳ моҳи  соли 2018 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкорони ноҳияи Панҷ 22,2 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Инчунин, аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон бо тариқи бонкҳои дар боло зикршуда дар ин давра 18,4 миллион доллари ИМА интиқол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 607,6 ҳазор доллар кам мебошад.
Пешвои миллат соли 2018 бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намуданд, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархӯрдор гардиданд. Барои тақвият бахшидан ба ин раванд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъ олияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда шуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Роҳбари давлат супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад.
Ба андешаи мо, пешниҳоди Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амалӣ гардидани «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар кишварамон дастгирию таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии мамлакатро ба соҳибкорон ва рушди соҳибкорӣ нишон медиҳад.
Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст. Айни замон дар ноҳияи Панҷ 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии 23,35 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 ба 49,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба андозаи 1,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳияи Панҷ айни замон як корхонаи калони пахтатозакунӣ, як корхонаи равғанбарорӣ, ду коргоҳи шағалбарорӣ, чор адад сехи наву замонавӣ барои тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ, чор адад сехҳои хурди истеҳсоли хишту сафолаки сементӣ ва чор коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолият намуда, дар ин корхонаҳо 117 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2018 нисбати ҳамин давраи соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли орд ба 19829 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 1259 тонна, хишти сементӣ ба 191,4 ҳазор донна, пунбадона ба 270,2 тонна ва сангреза ба 1877 метри кубӣ расонида шуд.
Дар ин давра бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ аз ҳисоби соҳибкорон 24 адад иншооти гуногун, аз ҷумла марказҳои хизматрасонию маишӣ, мағозаҳои тиҷоратӣ ва дорухонаҳо ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ ба истифода дода шудаанд. Инчунин, аз тарафи шахсони саховатманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 10,9 километр корҳои сангфаршкунӣ бо маблағи 217,5 ҳазор сомонӣ ва таъмиру навсозии 4 адад пул бо маблағи 90 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.
Дар ноҳия барои амалӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру аз навсозии роҳҳо ва чароғонкунии кӯчаҳои марказии шаҳраки Панҷ дар масофаи 5 километр ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ корҳои роҳсозӣ оғоз гардидаанд. Илова бар ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани оби нӯшокӣ ва оби полезӣ барои 420 га замин дар мавзеи «Коммунизм»- и Ҷамоати деҳоти "Намуна” барои сокинони ин деҳа зиёда аз 13 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, айни ҳол мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 "Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, амри раиси ноҳияи Панҷ аз 1 июни соли 2018, №94 ба тасвиб расидааст. Дар асоси амри раиси ноҳия гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил карда шуд. Айни замон, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сохтмони майдончаҳои варзишӣ, сартарошхонаҳо, ҳаммомҳо ва кошонаҳои ҳусн оғоз ёфта, дар муҳлатҳои муқарраршуда бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Боварӣ ҳаст, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, то ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон инфрасохтори деҳоти ноҳияи Панҷ беҳтар гардида, тамоми шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум муҳайё хоҳад шуд.
 
Шарофиддин
АСОМИДДИНЗОДА,
муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо