Дар як сатр
» » Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Хатлон

Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Хатлон

11-01-2019, 11:21

Дар маркази вилоят конфронси вилоятӣ дар мавзӯи "Соҳибкории занон: дастовардҳо ва дурнамо” баргузор  гардид. Чорабиниро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба дастгириҳои ҳамарӯзаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон изҳори андеша намуд. Сипас, раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар назди ҳозирин маърӯза намуд. Тавре ки номбурда таъкид дошт, соҳибкорӣ падидаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар пешрафти иқтисодиёти кишварамон саҳми намоёнро ишғол менамояд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ дар кишварамон доимо диққати хоса зоҳир менамоянд.

 Дар  солҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуну қарор, консепсияву барномаҳои зиёде қабул гардиданд, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин замина баҳри баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар равона гардида аст.

Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҳлили вазъи иқтисодии кишвар муайян намуд, ки бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ноил шудан ғайриимкон аст.

Дар ин асос, беҳтар намудани фазои  соҳибкорӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидатнамуда, заминаи асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Чуноне ки раиси вилоят зимни баромадаш ёдовар гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади рушди соҳибкорӣ пешниҳод намуд, ки дар давоми ду соли оянда ба санҷиши соҳибкорони истеҳсолӣ мораторий эълон гардида, аз ҳама гуна санҷишҳо озод карда шаванд.

Ҳамчунин, ба Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи сармоягузорӣ супориш дода шуд, ки мақомоте, ки садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамзамон, 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ эълон карда шуд, ки аз таваҷҷуҳи навбатии Президенти мамлакат ба соҳибкорон дарак медиҳад.

Ҳамин тавр, раиси вилоят нисбати нақши соҳибкорзанони Хатлон ёдовар гардида, афзуд, ки дар 11 моҳи соли 2018 тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати андоз дар вилоят шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 1846  нафар буда, аз ҷумла 824 нафар бо шаҳодатнома ва 1022 нафар бо патент фаъолият менамоянд.

Дар ин давра тавассути бонкҳои дар вилоят амалкунанда ба 30787 нафар занон ба маблағи 204 миллиону 548 ҳазору 542 сомонӣ қарзҳо дода шудаанд.

Чуноне ки дар ҷамъомад зикр гардид, соли 2018-ум 46 адад лоиҳаи сармоягузорӣ аз тарафи соҳибкорони вилояти Хатлон ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 5 лоиҳа ба маблағи 10,5 млн  сомонӣ дастгирӣ ёфт, 2 адади он ба занон дода шудааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ироа намуд, ки  18 марти соли 2016 қарори дахлдор таҳти №64 "Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон  барои солҳои 2016-2020” қабул гардида,  ҳамасола ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ, 21 грант таъсис дода шудааст. Тайи солҳои 2016 ва 2018 ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ дастраси 63 нафар занон гардид. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз рушди соҳибкории  хурду миёна дар вилоят  таъмин гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст. Инчунин, тайи солҳои   2016-2018-ум 92 нафар занону бонувони вилояти Хатлон сазовори грантҳои мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол - Фараҳ-2018» аз вилояти Хатлон 16 нафар занони соҳибкор ба даври нимфиналии озмун роҳ ёфта, Зулайхо Тиллоева, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Зулайхо» аз ноҳияи Ёвон, сазовори Шоҳҷоизаи ин озмун ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат  соли 2017-2018 озмуни «Соҳибкорзани муваффақи сол» эълон гардида буд.

Дар ҷамъомад раиси вилоят ба ғолибони озмуни вилоятии "Соҳибкорзани муваффақи сол” Дип-лом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд. Соҳибкорзан аз ноҳияи Ҷайҳун Фотима Сайфуддинова сазовори Шоҳҷоиза гардид. Маҳбуба Холбобоева аз ноҳи-яи Балҷувон сазовори ҷойи якум дониста шуд. Хуморбӣ Каримова ва Муслима Ҷалилова, аз ноҳияҳои Муъминободу Вахш ҷойҳои дуюм ва сеюмро бо ҳам диданд.

Ҳамчунин,  21 нафар соҳибкорзано-ни вилоят ғолиби озмуни грантҳои раиси вилоят гардиданд. Ба ғолибони озмуни гранти раиси вилоят аз 8 то 20 ҳазор сомонӣ маблағ супурда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин бонувону духтарони фаъол грантҳои раиси вилоятро тибқи лоиҳа барои эҳёи анъанаҳои миллии атласу чакан дар муди ҳозира, таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, бофандагӣ, рушди соҳаи чорводорӣ, таъсиси коргоҳҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, мурғпарварӣ, моҳипарварӣ, рушди парвариши занбӯри асал, мурғи марҷон, коргоҳи либоси ягонаи мактабӣ ва ғайра равона месозанд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ғолибони озмунҳои "Соҳибкорзани муваффақи сол”- ро табрик карда, барои фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»

Аксбардор М. Сотиев




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Озмуни «Бонуи соҳибкори сол»

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА