Дар як сатр
» » ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

11-01-2019, 10:12

Дар толори Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон ва Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид. Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласаи Шӯро ошно намуд.
Сараввал, ҳозирин ҳисоботи котиби Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фариза Абдуллозодаро шуниданд.
Номбурда доир ба фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонон, дастовардҳо, бурду бохти ҷавонон дар самтҳои хоҷагии халқ изҳори андеша кард. Сипас, котиби Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Алишер Гулов доир ба фаъолияти Шӯрои мазкур ҳисобот дод.
Пас аз маърӯзаи котибони шӯроҳои ҷавонон ба музокира баромада, аз сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, иброз доштанд, ки чун ворисони арзандаю пайравони Пешвои миллат барои халқу ватан содиқона хизмат мекунанд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ ёдовар гардид, ки пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад ва бесабаб нест, ки ин нуқта дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар махсус қайд гардид: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд», ҳамзамон Ҷаноби Олӣ иброз доштанд: «Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат, хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам».
Ин, албатта, мояи ифтихор ва сарбаландии ҷавонони кишвар аст, ки баҳои баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сазовор гардиданд.
Иқдому дастгириҳои мунтазами Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлати мо ба шумор рафта, омили асосии рушди неруи инсонӣ, шарти муҳимтарини пешрафту устувории давлат ва тақвияти иқтидори иқтисодии он мебошад.
Воқеан, ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бун ёдгар эътироф шудаанд.
Дар раванди сиёсати Ҳукумату давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморад.
Раиси вилоят дар баробари нақши созандаи ҷавонон дар пешравиҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамзамон, аз он изҳори таассуф намуд, кивақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи саъйу талош дар роҳи илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлуб даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру худогоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад.
Тавре ки дар ҷамъомад ироа гардид, вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор месозад, ки нисбат ба ҳар вақту замон зираку ҳушёр бошем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.
Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ низ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Тавассути расонаҳои хабарӣ ҳар рӯз мебинем, ки чӣ гуна ҳазорҳо нафар мардуми мусулмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк намуда, бо орзуи як гӯшаи ором ҷони худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо аз даст медиҳанд.
Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷиашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд.
Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин Роҳбари давлат, дар баромадаш доим таъкид мекунанд, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем.
Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти номатлуби бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Ҳамин тавр, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилоят бори дигар ҷавононро ҳушдор намуд, ки ба доми зархаридони хориҷӣ наафтанд, фирефтаи ваъдаҳои хушку холии онҳо нагарданд ва пайравони арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд. Роҳбари давлати мо бо инсондӯстӣ, ваҳдатгароӣ, ободониву пешниҳодҳои муфидаш ба аҳли олам машҳур гардидааст. Ҳамин тавр, роҳбари вилоят ба ҷавонон, варзишгарон баҳри расидан ба ҳадафҳои неку наҷибонаашон дар фаъолият, хониш, варзиш бурдбориҳо таманно намуд.
Зимни ҷамъомад нақшаҳои кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилоят ва Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2019 тасдиқ гардид. Ба як қатор варзишгарон, гирандагони стипендияи президентӣ, кормандони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супурда шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат саҳмгузор бошем

Ҳокимияти давлатӣ
М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда  ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишваранд»

Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишваранд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА
Таблиғи арзишҳои миллӣ

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА