Дар як сатр
» » Низоми давлатдорӣ ошӯбро омили бесуботӣ медонад (Ҷавоб ба пойгоҳи иттилоотии ҷангафзорҳо)

Низоми давлатдорӣ ошӯбро омили бесуботӣ медонад (Ҷавоб ба пойгоҳи иттилоотии ҷангафзорҳо)

9-01-2019, 17:15

Тарзи тафаккури олами ҷиноӣ аз ашхоси солимфикр башиддат фарқ мекунад. Олами ҷиноӣ чӣ кадар вазъият ноором ва бесубот бошад, ҳамин қадар шароити мусоид барои қатлу роҳзанӣ пайдо мекунад. Тарзи тафаккури наҳзатиҳо, чузъи аввалунсури олами чиноятӣ аст. Наҳзат бо оромӣ душмани ашаддӣ мебошанд. Наҳзат бо субот рақобати оштинопазир аст. Тасаввур кунед, дар сурати сулҳу оромӣ, ин лаҷомгусехтагони завлонаҳои асримиёнагӣ, тавони пешниҳоди амалӣ ва созандеро надоранд, қобилияти сохтан ва бозсозии чомеаро наоранд. Танҳо мувосилат ба зӯрӣ ва даҳшат, фишанг ва ё ба ибораҳои муосир «бренд»-и наҳзат мебошад. Асосгузори қатлу ғорат баъд аз 70 соли шӯравӣ ба таври оммавӣ ҳамин наҳзат аст. Паём.нет бошад Паёмрасони марг ва тахрибкорӣ аст.

Паём.нет, ки тавони арзёбӣ ва таҳлили холисони ҳодисаҳоро бо фирорӣ шудан ба хориҷа гум кардааст, фарзияҳои аҷибу ғариб мебарорад. Бо сарлавҳаҳои дакаданг «Фармони тиркушоӣ ба зиндониёнро кӣ дод?» мехоҳад хонандаро ба кобуси нофаҳмӣ бибарад, шаку шубҳаро ба вуҷуд биёварад.

Ин гумроҳони мафтуни муҳоҷират дарк намекунанд, ки таъмини амнияти 9 млн.нафар кори осон нест, хосатан дар сурате ки қаноти ҷангии ҳизби террористи мамнуъшуда «Ансорулло» дар сарҳади давлатӣ қад алам кардааст. Ҳаммактабон ва ҳаммаслакони наҳзат-«ДОИШ» ва «ал-Қоида» бошад рӯз то рӯз дар шимоли Афғонистон қувват гирифта, ҳамчун шамшери Домоклус ва абзори фишор бар вазъият таъсиррасон аст.

Яъне ба иборати дигар, ҷинояткорони қотил, ки аз ҷониби наҳзатиҳо аз хориҷа идора мешаванд, ба ҳар шаклу сурат меҳоҳанд, ки мисли соли 1992 зиндонҳо кушода шаванд, қотилон мусаллаҳ шаванд ва вазъиятро ба ҷанги дохилӣ биёваранд.

Чунончи, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиристодани даҳҳо гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба кишвари мо ва боздошти онҳо аз сӯйи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, намоишҳо нишон дода шуданд. Ин наҳзатиҳо нақшаҳои зиддибашариро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд, ҳодисаҳои асри 20-умро бо пиёдасозии хиёнати такрории таърихӣ ба миён биёваранд.

Раҳоӣ аз тафаккури ифротӣ (хонад шавад наҳзатӣ) заминаи рушду инкишофро муҳайё месозад. Эҳёи саноатро ба бор меоварад. Ҷавононро ҳушёру бедор ва касбӣ месозад. Аз ин лиҳоз, ба ҳар кору боре ки вазъиятро ором месозад, чи тавр ки дар боло гуфта шуд, наҳзатиҳо душмани сарсахт мебошанд. Наҳзат мутародифи харобкорӣ мебошад. Наҳзат, яъне босмачи нав, навбосмачӣ, необосмач…

Ҳамин тариқ, туҳматзании наҳзатиҳо ба кормандони давлатӣ

аз ғаризаҳои ҳайвонӣ маншаъ мегирад. Вале, усули муносибати инсонӣ аст, дар сурате ки «душманат ба танқид лаб во кард, бидон ки дар роҳи рост рафта истодаӣ». Роҳи мо росту роҳи наҳзат ба сӯйи гӯр аст.

"Ман ба митингу ошӯб нафрат дорам”, ин шиори ҳар шахси давтлатмадор аст. Мо давлатро ҳамин тавр месозем.

 

Косарев Рустам, таҳлилгар

 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шикасти мухолифони сиёсӣ ва чолишҳои наҳзат дар 2018 (Ҷавоб ба сомонаи ифр ...

Хабарҳо

Кодекси одоби муборизаи иттилоотӣ, ин чӣ музахрафотест? (Ҷавоб ба Ахбор.ком ...

Хабарҳо, Сиёсат

Қатъномаи ҷавобӣ ба гирдиҳамоии наҳзатӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷики ...

Хабарҳо

Кодекси одоби муборизаи иттилоотӣ, ин чӣ музахрафотест? (Ҷавоб ба Ахбор.к ...

Хабарҳо

Мақсади наҳзатиҳо танҳо харобкорист

Хабарҳо