Дар як сатр
» » Мулло-ҷорӯби дастархон (Сухане чанд андар гуноҳҳои кабираи Маҳмадсаид Ризоӣ)

Мулло-ҷорӯби дастархон (Сухане чанд андар гуноҳҳои кабираи Маҳмадсаид Ризоӣ)

7-01-2019, 17:51


Эшону мулло ҷорӯбидастархон мебошанд, гуфтаи ҳакимест, ки басо нишонрас хислати разилонаи шахси чалласавод ва ёғиисобиқадори Маҳмадсаид Ризоиро бозгӯӣмекунад. Даврони бесару сомонӣ М.Ризоӣ, ки шуъбаи фарҳангро дар ҳизби мамнуи террористӣиҷро мекард, сари минбар мебаромад ва аз иршоди исломӣ таблиғ мехонд. Мавъизаи бесару нӯг ва аз воқеият фарсахҳо дур буд ин минбарбароиҳо. Ҳаёро гум карда, бо кач кардани даҳон ба наҳваи лаҳҷаи теҳронӣ худро саводнок вонамуд карда, М.Ризоӣ музахрафотро ба забон меовард. Ризоӣ дар партави нусхабардорӣ аз васиятҳои нораво ва пойдарҳавои Саид Қутб ва дигар саркардаҳои «Ихвон-ул- муслимин» ҳарфмегуфт, талош дошт ин маънавиёти ботилро бо он ҳампучиву ҳамоқатнигорӣ (абсурдизм)дар шароити Тоҷикистон пиёда созад.На аз иршод гапу сухан буд ва на аз маърифати исломӣбӯе.Ҳозирон чун ба гуфтаҳои иннаттоқ пай намебурданд ва ҳеҷ чизро намефаҳмиданд, ҳар маҳфилбо арбадаву хархаша ба итмом мерасид.

Нафси кабираи Ризоӣ, ки ба сони охундҳохудро аз Ризоев ба Ризоӣ табдил ном кардааст, ҳама вақтбедор аст. Ҳатто дар ҳалқаҳоиназдик наволаро нахоида фурӯбурдани ӯвирди забонҳост. Дар пурхӯрӣва руфтани дастархон улгу ва намунаи ибрат аст. Мегӯяд, ки мулло аслан ғармешавад, чун дар кучое набошад, болонишин аст, ва хонаш аз мағзу чағзпур. Аниқтараш хонаш аз моли рабудашудаи мардум пур.

Ҳолопадару писар (Маҳмадсаид ва Нурмуҳаммад) ду ҳаракати ифротиро баинҳисори қудрат гирифта, бозаз ҳама баланду пурсадотар дар бораи «режими худкома» ҳарф мезананд. Садқа шавам Худоро, Якбому ду ҳаворо. Маълумоти ҷолиби диққат дар бораи ин ҷуфти ифротӣба даст омадааст ва инак мо онро барои огоҳсозии аҳли ҷомеа ифшо месозем. Ин бозиҳоихатарнок, ки падару писар рӯйидаст гирифтаанд, пайомади мудҳиш дорад. Инак асли қазия, худбубинед вақазоват кунед:

Аз доираҳоиназдик ба роҳбарияти ҳизби мамнуъ дар яке аз шаҳрҳоиАврупо маълумот ворид шудааст, ки дар бораи аз азхудкунии маблағиСипоҳипосдорони инқилоби исломӣаз сӯи М.Ризоӣ ҳикоят мекунад. Ин маблағ ба баҳонаи кӯмакба «мустазафин» таъин шуда, амалан ба чайби хонаводагии М.Ризоӣ сарозер шудааст. Гап дар сари он меравад, ки бинобар қаробатҳоиидеявӣ ва ғоявӣ байни аҳзоби исломии минтақабо хадамоти махсуси охундӣ, М.Ризоӣ муваззаф мегардад, ки соли 2018 2 гурӯҳи террористи худкушро ба Тоҷикистон мефиристад. Аз масъулони СПИИ 23 ҳазор доллари ИМА-рогирифта, дар шоҳидии яке азаъзои аршади ҳизби наҳзатваъда месупорад, ки вазифаи хоҷагони хориҷиро иҷромекунад. Бо мурури 1 сол на аз пул нишоне асту на аз гурӯҳхоихудкуш хабаре. М.Ризоӣ,ки худро дар барномаҳоителевизионӣшахси бовиҷдон метарошад, маълум мешавад, ки ин фиреби назари ошкоро буда, ин ҳама «адолатхоҳӣ»-ву«ҳақпарварӣ» барои рӯйпуш кардани пулситонӣ азхориҷиҳобудааст.

Амалан, агар амиқ бингарӣ, кореро ки Ризоиҳоҳамчун абзори ҳизби террористӣдар се даҳсолаи охир анҷом доданд, иборат буд аз: ба бероҳакашонидани суботи ҷомеа; дар мадди сонӣзарба ба арзишҳои дини Ислом дар ҷомеа буд.

Ризоӣ бо сагбачааш дар замони ҳокимияти Шӯро худро дарсатҳҳои поёнии ҷомеа айёрона ҷой карда, бонасиҳати таълимоти Саид Қутбва Ҳасани Бано, раҳбарони ҳизби ифротии «Ихвон-ул-муслимин», ба ислоҳотҳоиба ақидаи худашон «созанда» даст заданд. Дине ки 1400 сол арзи вуҷуд дошт, ниёзу талаботи индиндорони наҳзатиро бароварда намесохт. Онҳо корҳоеро дар чорчӯбидин анҷом медоданд, кихилофи суннатҳоиқадимии миллӣарзёбӣ мешуданд ва ҳадаф азин качравиҳоҳамоно, мубориза бар зидди асосҳоифарҳанги миллӣбуд. Ҳоло ин гумроҳон,ки ҷуфти болозикршуда ҷузъи онҳост, ин амалро дар шароити хориҷа такрор мекунанд.

 

Чун бо тахт минбар баробар шавад,

Ҳама ном Маҳмаду Нурмаҳмад шавад.

Зафар Саронов, таҳлилгар, ш.Бонн



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Н.Ризоӣ, ифротие, ки садояш зиддимардумист

Хабарҳо

Тоҷикистон хонаи умеди мо аст

Номаҳои Шумо

Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА

Хабарҳо, Сиёсат
Зӯри беҳуда миён шиканад...

Зӯри беҳуда миён шиканад...

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо