Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фарогирии аҳолӣ ба шуғли пурсамар


Фарогирии аҳолӣ ба шуғли пурсамар



Дар Тоҷикистон консепсияи рушди шуғли истеҳсолӣ барои давраи то соли 2040 қабул шудааст. Бар асоси ин санад, то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон метавонад ба 11,5 миллион нафар бирасад ва дар назар аст, ки ҳамасола 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.

Консепсияи мазкур тавассути барномаҳои панҷсолаи рушди миёнамуҳлати шуғли истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Натиҷаҳои пешбинишавандаи татбиқи Консепсия ва нишондиҳандаҳои арзёбии онҳо дар барномаҳои миёнамуҳлат нишон дода мешаванд. Ҳадафи аслии ҳамаи ин барномаҳо татбиқи Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 мебошад, ки рушди кишварро аз рӯи ду самт – индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ мекунад.

Дар Консепсия зикр мегардад, ки афзоиши табиии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ монда, дар натиҷаи кам шудани ҳиссаи ҷавонон дар шумораи умумии аҳолӣ коҳиши суръати афзоиши захираҳои меҳнатӣ мушоҳида мешавад.

Новобаста аз ин, рушди қувваи корӣ устувор ва баланд боқӣ мемонад ва то соли 2030 тақрибан 40% афзуда, ба 7,6 миллион нафар мерасад. Модернизатсияи соҳаи иҷтимоӣ, рушди босуръати бахши молиявӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии соҳибкорӣ ба тавсеаи назарраси соҳаи шуғли пурсамари аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

www. khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода