Дар як сатр
» » Авҷи бечоранавозии хабаркаши №1-и необосмачҳо

Авҷи бечоранавозии хабаркаши №1-и необосмачҳо

7-01-2019, 17:33

Меъёри баҳогузории ҳар шахс аз корҳои амалии он бармеояд. Сухан бемаҳдудият гуфтан ба монанди ҳолати пурнависӣ аст, ки фалокати эҷодиёти нависандаро ба бор меорад. Ҳунари нависандагӣ,ҳаргизварзиши тездавак нест, шӯру ҳангомаро намепазирад (А.Самадов).

Вале чӣ кунем, ки сомонаи 1 хабарнигор бо номи М.Салимпул, ба минбари бечоранавозии необосмачҳоиасри 21 табдил ёфтааст. Аз зери нохун чирк меҷӯяд, воқеаҳороба хости худ хилофи одоби журналистӣ, ки бояд холисона рафтор кунад, таҳрифу таҳрирмекунад. Ҳангома меангезад.Душман метарошад. Чун солҳоидароз дар ғарибиву муҳоҷират зиндагӣ кардааст, як навъ афсурдагии рӯхӣӯро фаро гирифтааст. Ин нотавонии равониро ба коғаз мерезад ва дунёву охиратро дарбадбахтии худмехоҳад шарик созад.

Ҷанбаи эътирозии ҳодисаҳоро барҷаста сохта, бетаамул ба мардум мерасонад. Худо накарда агар дар ҷое номи корманди давлат дар ахбор омада бошад, онро ба бадтарин шаклу усул, ифода мекунад, сарлавҳаидакаданг мемонад, ба обрӯйиин афрод латма мезанад.Ҷор мезанад, хурсандӣ мекунад. Фазлфурӯшии ин хабарнигор дар одитарин ҳолатҳоихабарӣ ба мушоҳида гирифта мешавад. Маргу мири инсонҳодар фаъолияти журналисти необсмачиҳо дармадди назар нест. Аз он ки Инсон ашрафи махлуқотаст, баъд сиёсатмадору корманд, ин хомакач намепазирад.

Таҳлили сомонаи 1 хабарнигор нишон медиҳад, ки он ба ифротиҳоминбар медиҳад, аз буду шудаш зиёдтар фаъолияти онҳоро таблиғ мекунад. Дар зершуури хонанда ва бинандаи сомона рӯҳияи нобоварӣба фаъолияти ниҳодҳоидавлатиро ба вучуд меорад. Сарҳадшинос нест, дарк намекунад, на ҳамагапро навиштан вана ҳам воқеаро овоза кардан, равост. «Сухани хона ба бозор намеояд рост»-ро намедонад.

Пойгоҳииттилооти анҷуманҳоинавбосмачиҳогумон мекунад, ки бо нашри овозаҳо пояҳоииттилоотии ҳукуматро меларзонад, халқрометарсонад. Хатову сад борхато мекунанд. Ин каҷрафторон рафта-рафта ба абзори таблиғотидушман табдил ёфтаанд. Зеро «Ихвон-ул-муслимин»-ҲНИ-Ансорулло-ДИИШ ҳамазанҷирияк ҳалқава пайрави якмактабанд. «Ахбор.ком», органи нашриётии ин ҳаракатҳои ифротӣ вадушман аст. Агар баръакси он аст, чаро дар тӯли фаъолияти 2 солааш ягон бор азфаъолияти судманди ниҳодҳоидавлатӣ, дастовардҳои ҷумҳурӣ холисона ҳатто хабаре ҳамба нашр намерасонад. Зеро давлат ва давлатмадорӣ рақиби чонсахти ин гуна афроди ибнулвақт аст. Лаҷоми зиёдаравиҳоионҳоро мегирад. Озодиро бо бе бандуборӣомехта намекунад. Меъёрии озодӣнисбӣ аст вабарои мурооти онҳаряк шахс бояд масъулият эҳсоскунад. «Агар хоҳӣозод бошӣ,ғуломи қонун бош»-ро, шиори зиндагӣнамедонанд.

Солҳои2000-ум нақлмекунанд, вақтеки аъзои ҳизби наҳзатаз Афғонистон тибқимусолиҳаи миллӣ баргаштанд, манбаъҳоисармоягузориро аздаст доданд. Барои ёфтани манбаъҳои иловагӣ, ҳилаи шаръиро рӯйи даст гирифтанд. Онҳоҳаркуҷоба меҳмонӣ ва ёаёдати хешонашон мерафтанд, бо худ дастгоҳиаккосиро мебурданд ва азбиноҳои харобу валангор наворбардорӣ мекарданд. Атрофиёни онҳотааҷҷубмекарданд, киба кадом мақсадин наҳзатиҳои дарҳилагум, ин корро анҷом медода бошанд. Баъдан, ба амри тасодуф маълум шудааст, ки ин аксҳородар суҳбатҳоиинфиродӣбо шайхҳоинимҷазираи араб, ҳамчун «нишонаи таваҷҷуҳ накардани Ҳукумат баозодиҳои динӣ ва сохтмони масҷидҳо» вонамуд мекардаанд. Дариваз чанд дирҳамаке ба худмегирифтаанд.

Ин ҳилаи шаръиро ҳолосомонаи аловандози «Ахбор.ком» иҷро мекунад. Барои необосмачҳоиаврупонишин чеҳрасозӣ мекунад. Қаҳрамони хабарсози ин сомона, навбосмачии «дунявимашраб», «секулор», «шик» ва ғарбимаоб аст. Бо ин ҷумла метавон майнстрими мазмуни сомонаро хулосагирӣ кард.

 

 

Афсар Сармадов, таҳлилгар

Махсус барои «Ахбор.ком»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ахборком ё хонаи анкабут

Хабарҳо

Ҷавоб ба дурӯғпардоз ва косалеси бериё М.Салимпул

Хабарҳо

Кодекси одоби муборизаи иттилоотӣ, ин чӣ музахрафотест? (Ҷавоб ба Ахбор.к ...

Хабарҳо

Оид ба овозаҳои бардурӯғи сомонаи «Порстудей»

Хабарҳо, Сиёсат

ФАВРӢ: Ахбор.ком дурӯғгӯ ва падари ҳамаи дурӯғгӯён аст

Хабарҳо