Дар як сатр
» » 90 рӯзи ободониву бунёдкорӣ ва кабудизоркунӣ

90 рӯзи ободониву бунёдкорӣ ва кабудизоркунӣ

2-01-2019, 11:28

Муроҷиатномаи  мардуми сарбаланди шаҳри Норак дар бораи гузаронидани маъракаи 
«90 рӯзи ободониву бунёдкорӣ ва кабудизоркунӣ» ба ифтихори  ҷашни байналмилалии
Наврӯз ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Муроҷиатномаи мардуми шарифи  шаҳри Норак дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳри Норак даъвати
панҷум қабул карда шуд)
 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз пеш рушд ёфта, бо ғамхориҳои пайвастаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ободонию сабзкорӣ ба маротиб боло рафт. Махсусан, дар маъракаҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди иншоотҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз  қабили  муассисаҳои таълимию табобатӣ ва варзишӣ, корхонаҳои хурду бузург, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, кабудизоркунию чароғонсозии канори роҳу гирду атрофи кӯчаҳо ва дигар корҳои созандагию бунёдкорӣ босуръат идома доранд.
Барои зиндагии шоистаи мо-сокинон, тамоми шароит муҳайё буда, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кор, дастгирии ҷавонон, ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон, бахусус духтарон, ҷалби занони хонанишин ба меҳнати фоидабахш ва ғайра аз файзу баракати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯзҳо сатҳи зиндагии аҳолӣ низ зина ба зина боло рафта истодааст.
Бешубҳа, вақте кас дар кӯчабоғу растаҳо ва хиёбонҳои фавворадори пургул, дарахтони ороишӣ ва чароғон сайругашт мекунад, болидахотир гардида, аз фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ шукргузорӣ менамояд.            Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак низ корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки мардуми фарҳангсолори тоҷик аз қадимулайём ба ҷашни Наврӯз эҳтироми хоса доштанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикори нек ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи мо ҷаҳонӣ шуд ва дар саросари ҷаҳон дар рӯҳияи баланд ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Мавриди зикр аст, ки бо дастуру пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни байналмилалии Наврӯз соли 2019 дар шаҳри Норак таҷлил карда мешавад.
Мо-мардуми шаҳри Норак аз он сарбаландем, ки Наврӯзи дарпешистода маҳз дар шаҳри мо ҷашн гирифта мешавад.  Ба ин шарафи бузург ноил шудан боиси ифтихор буда, моро мебояд имрӯз аз дирӯз беҳтару хубтар кору фаъолият намуда, масъулияти дучандро пешаи худ намоем.
Тавре ки Пешвои миллат таъкид доштанд: «Наврӯз барои  миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун гавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, ватан буд». Аз ин рӯ, ин ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса  ҷашн гирифта мешавад.
Мо - сокинони шаҳри Норак шукрона мекунем, ки соли 2019 дар фазои озод, дар мамлакати соҳибистиқлолу обод ва дар фазои сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯз таҷлил хоҳад шуд.
Мо-сокинони шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои созандаи хеш барои истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ, бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва дар рӯҳияи баланди меҳандӯстиву ободкорӣ тарбия намудани сокинон «Маъракаи 90 рӯзи ободониву бунёдкорӣ ва кабутизоркунӣ» эълон менамоем.
Умедворем, ки шумо ва аҳли оилаи шумо  дар ин самт бо иқдоми беназир дар ободонии шаҳри азизамон бетараф набуда, ҳамарӯза аз худ масъулияти баланд нишон дода, дар маҷмӯъ, тасмиму талошҳои диёрдориро оид ба диёри озодагон табдил додан ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи Аҷам моро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ хоҳед намуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Омодагӣ ба ҷашн

Хабарҳо
Наврӯз рамзи ҳувияти миллист

Наврӯз рамзи ҳувияти миллист

Ҳокимияти давлатӣ