Дар як сатр
» » Орзуи Ҷамшеду Сайёра амалӣ гардид

Орзуи Ҷамшеду Сайёра амалӣ гардид

1-01-2019, 21:25

Дар арафаи Cоли нави 2019 Ҷамшед Беков ба мо занг зада, ба ин ид кормандони рӯзномаро табрик намуд ва мужда расонд, ки бо мусоидати рӯзномаи "Хатлон” соҳиби замини наздиҳавлигӣ гаштааст.
Вобаста ба мушкилоти Ҷамшед, рӯзномаи вилоятии "Хатлон” зери сарлавҳаи "Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра”, дар шумораи №1(3086) аз 1 январи соли 2017 мавод  омода ва нашр гардид. Ин ҷуфти ҷавонон орзу доштанд, ки дар Соли нави мелодӣ соҳиби манзили алоҳидаи худ шаванд. Зеро Ҷамшед бо ҳамсараш дар як ҳавлӣ бо чор бародари оиладораш зиндагӣ мекунад. Нахустин шуда, рӯзномаи "Хатлон” ба ин масъала диққат дод. Баъди нашр гардидан, дигар расонаҳои хабарӣ низ  аз ин ҳодиса огоҳ шуда, аз зиндагии Ҷамшеду Сайёра гузоришҳо омода намуданд.
Дар баробари ин, Ҷамшед барои ноил шудан ба орзуи худ кӯшиш менамуд ва боварӣ дошт, ки он амалӣ мешавад ва ниҳоят ба мақсади худ расид. Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои Ҷамшед ва Сайёра шаш сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамшед Беков, сокини деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, маъюби гурӯҳи аввал аст. Худованд ба ин ҷавони 33-сола агарчи чашми бино надода, ӯ бо қалби рӯшану зеҳни гирояш муҳаббати атрофиёнро ба даст овардааст. Сайёра Худоёрова, завҷаи Ҷамшед, зодаи мавзеи «Лолазор»-и ноҳияи Данғара мебошад. Ӯ низ бо Ҷамшед ҳамтақдир аст. Ин ду нафарро барномаи «Чашми дил»-и радиои «Садои Душанбе», ки аз ҳаёти равшанзамирон қисса мекунад, ба ҳам овардааст. 
Инсон дар тӯли зиндагӣ бо мушкилот ва пастиву баландиҳои рӯзгор, хоҳ-нохоҳ рӯбарӯ мешавад. Бо дарназардошти ин, ба қавли Ҷамшед Беков, инсон мавҷуди боқуввату тавоноест, ки бо бурдбориву сабурӣ ва кӯшишу тадбир метавонад дар муқобили мушкилоти бузург ғалаба ба даст биёрад.
Ҷамшед бо Сайёра аз он вақте, ки фаҳмиданд соҳиби духтарча мешаванд, ният карданд номи тифлашонро Муҳаррама мегузоранд. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Ҷамшеди масрур аз зиндагии обод талошу кӯшиши бештар мекунад, то аҳли хонаводааш таъмин бошад. Сайёра бошад, бо машварати хушдоманаш кори хонаву парастории ҷигарбандашро бидуни мушкил иҷро мекунад.
Дар ҳақиқат, нафари муваффақ онест, ки дар зиндагӣ ҳамеша орзуи нек мекунад. Ба ин маънӣ бузурге гуфтааст:
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.
Бигзор, соли 2019 соли амалишавии орзуҳои неку наҷиби ҳар яки мову шумо бошад.
Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Саодат орзуи табиб шудан дорад

Саодат орзуи табиб шудан дорад

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дидори модару писар баъди 23 сол

Дидори модару писар баъди 23 сол

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра (видео)

Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра (видео)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР