Дар як сатр
» » Се лаҳзаи гуворо

Се лаҳзаи гуворо

2-01-2019, 10:18

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шодравон устод Барот Саид аслан пешаи омӯзгорӣ дошту дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Кӯшониён солҳои зиёд вазифаи сарвариро адо кардааст. Мавсуф ҳунари хуби қаламкашию нависандагӣ ҳам дошт, ки ӯро миёни хонандагони бешумор маъруфу машҳур карда буд. Аз вай чандин роману қиссаҳо ба монанди "Дуд дар осмони Билисуф” (дар 3 ҷилд), "Ёрони Восеъ” (дар 2 ҷилд), "Неруи ишқ”, "Сояҳои тирашаб” ва китобҳои дигари назмию насрӣ ба ёдгор мондааст, ки бо забони ширину шево эҷод шуда, аз маҳорати баланди нависандагии вай дарак медиҳанд.
Барот Саид дар баробари ин бисёр инсони ҳозирҷавобу базлагӯю хушчақчақе буд. Дар маҳфилу маъракаҳо доим чун гули сари сабад бологузар буду ҳозиринро ба латифаҳои ширину намакинаш шод мегардонд.
Банда ба ҳайси мухбири махсуси ҳафтаномаи "Боҷу хироҷ” дар вилояти Хатлон боре ба шаҳри Норак ба сафари хизматӣ рафтам. Дар ошхона тасодуфан бо марде вохӯрдам, ки Ризо ном доштааст. Суҳбатамон сари як пиёла чой тасфиду вай қӯрғонтеппагӣ (ҳозира шаҳри Бохтар) будани маро фаҳмида, пурсид, ки Барот Саидро мешиносам? «Албатта», - ҷавоб додам ман. Он кас устоди тамоми қаламкашони вилоят асту маслиҳатчиву насиҳатгари мо-ҷавонон.
Ризо хоҳиш кард, ки дар бозгашт чун мӯйсафедро бинам, ба ӯ саломи вайро расонам. Ӯ бо Барот Саид қаробати хешутаборӣ доштааст.
Ҳафтае баъд ба назди шоир Хайрандеш, ки ҳамон вақт дар шаҳри Бохтар кору зиндагӣ мекард, рафтам. Устод Барот Саид ҳамроҳи вай нишаста, суҳбати гарме дошт. Шояд ба Хайрандеш ягон латифаи наву обнорасида нақл карда буд, ки вай механдид. Баъди салому алейк ва лаҳзаи ҳолпурсӣ аз устод савол кардам, ки Ризо ном мардро аз шаҳри Норак мешиносад?
- Оре, вай хеши наздики мост, - ҷавоб дод ӯ.
- Ҳамон кас ба шумо салому паёми бисёре фиристоданд.
- Боз чӣ гуфт? - тагпурсӣ кард устод.
- Гуфт, ки шиками Баёзиро бурда сер карда, вайро гусел намоед.
- Ман ин хел хеши беақл надоштам, - хандид мӯйсафед ва дасткушод, ки буд, аз рӯи одат ману Хайрандешро ба ошхона таклиф кард.
***
- Боре як ҳамдеҳааш Барот  Саидро дида, мегӯяд, ки ҳамин шаб худораҳматии падарат ба хобам даромад.
- Чӣ гуфт? - мепурсад устод аз вай.
- Хоҳиш кард ба шумо расонам, ки як чорво кушта худоӣ намоед.
- Аввалаш ин ки ту, ошно, рангу раҳмати падари маро дар умри сарат надидаӣ. Марҳум ҳанӯз солҳои сиюм аз ҷаҳон даргузаштааст. Ту ӯро аз куҷо шинохтӣ? Баъдан, агар вай падари ман мебуд, номаъқул карда ба хоби писараш нею ба хоби ту медаромад, - найранги мардро, ки нияти зиёфатхӯрӣ дошт, фош мекунад бобои Базморо.
***
Устод солҳои охир тез - тез нотоб мешуд. Боре сахт бемор шуду хешу табор умедашонро аз ӯ канда, дар гирди вай ҷамъ омаданд. Мӯйсафед чашм кушода, ин ҳолатро диду асли гапро дарёфта, бо зарофат гуфт:
- Парво накунед, агар Мункару Накир "облава” ташкил намуда, маро тасодуфан гирифта набаранд, ман бо ин наздикиҳо аз дунё рафтанӣ нестам.
Сухани устод рост баромад. Баъди ин вай чандин соли дигар зиндагӣ карда, асарҳои зиёди мондагоре офарид.
 
С. БАЁЗӢ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Ёде аз ҷавониҳои Лоиқ

Ёде аз ҷавониҳои Лоиқ

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Муаллифи беш аз 70 китоб ва хаттоти машҳур даргузашт

Муаллифи беш аз 70 китоб ва хаттоти машҳур даргузашт

Маориф ва илм
Нашри ду китоби нави адиби хатлонӣ

Нашри ду китоби нави адиби хатлонӣ

Хабарҳо