Дар як сатр
» » Нахустин форуми бонувони ҳунарманди Хатлон

Нахустин форуми бонувони ҳунарманди Хатлон

1-01-2019, 15:17

14 феврали соли 2018 дар маркази маъмурии вилоят нахустфоруми занони ҳунарманди Хатлон таҳти унвони "Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид. Форуми мазкур, ки аз се қисмат иборат буд: конференсияи "Саҳми занон дар густариши ҳунарҳои мардумӣ”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Тараннуми ҳунар”.
Аз намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбату маърӯзаҳое, ки дар доираи аввалин Форуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон ироа гашт, бармеояд, ки ҳар як ҳунари зебои миллати мо достонҳое дорад. Вақте инсон мисоли ҳунарҳои абрешимбофӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, арғушт, баққолӣ, беқасаббофӣ, гачкорӣ, гаҳворасозӣ, гулдӯзӣ, гулобкашӣ, гӯшворасозӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, зулфороӣ, ислимӣ, калобаресӣ, канаббофӣ, кандакорӣ, кафшдӯзӣ, кордсозӣ, кулолӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, мисгарӣ, наққошӣ, оҳангарӣ, паловпазӣ, пӯстиндӯзӣ, сабадбофӣ, созтарошӣ, суманакпазӣ, сӯзанидӯзӣ, табақтарошӣ, хотамкорӣ, ҳалвогарӣ, чӯянгарӣ, ҷомадӯзӣ, ҷӯроббофӣ, шишагарӣ ва ғайраҳоро мебинад, беихтиёр ба ин андеша меояд, ки тамоми ҳунарҳои мардумӣ ойинаи бозгӯяндаи рӯзгори тоҷикон аст.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА