Дар як сатр
» » Таъсиси аввалин театри лӯхтак дар вилоят

Таъсиси аввалин театри лӯхтак дар вилоят

2-01-2019, 09:16

Дар ибтидои соли 2018 дар шаҳри Бохтар бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтаки "Афсона” таъсис дода шуд.
Театри давлатии лӯхтак дар бинои собиқи Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар фаъолият мекунад. Дар театри навбунёд 24 мутахассис соҳиби ҷойи кор шуданд.
Театри "Афсона” аввалин ва ягона театри лӯхтак дар вилояти Хатлон ва севумин чунин муассисаи фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ (пас аз театрҳои лӯхтаки шаҳри Душанбе ва шаҳри Бӯстони вилояти Суғд) мебошад.
Қобили зикр аст, ки Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар қатори дигар театрҳои лӯхтаки ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл», ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби диплом гардид.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТЕАТРИ ЛӮХТАКИ «АФСОНА» САЗОВОРИ ДИПЛОМ ШУД

Хабарҳо

«ПОДОШИ АМАЛ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Хабарҳо

Ифтитоҳи якумин мавсими театри «Афсона»

Хабарҳо
Ҳаёт аз «Лӯхтак» оғоз меёбад

Ҳаёт аз «Лӯхтак» оғоз меёбад

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА