Дар як сатр
» » Чакан умумиҷаҳонӣ шуд

Чакан умумиҷаҳонӣ шуд

3-01-2019, 21:16

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии соли 2018 ба феҳрасти мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гаштани чакан – пироҳани зебои миллии тоҷикон мебошад. Ин хабар боиси сарафрозии мардуми тамаддунпарвари тоҷик, хусусан хатлониҳо гардид, зеро таърихан собит шудааст, ки ватани аслии чакан Хатлон буда, ин ҳунари қадимаи миллиро то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Мувофиқи маълумоти Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ба имрӯз аз мероси ғайримоддии халқи тоҷик "Шашмақом”, "Оши палав” ва "Наврӯз” ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардида, "Фалак” низ пешниҳод хоҳад шуд. Ин як роҳи беҳтарини эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ ва дар айни замон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани миллат ва давлат мебошад.
То имрӯз чаҳор ёдгории таърихии вилояти Хатлон – Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, шаҳраки Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус ва Дайри Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш ба феҳрасти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЧАКАНИ ТОҶИК ПАРВОЗИ ҶАҲОНӢ ДОРАД

ЧАКАНИ ТОҶИК ПАРВОЗИ ҶАҲОНӢ ДОРАД

Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд

Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

«Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

Ҳокимияти давлатӣ

НАМОЯНДАИ ЮНЕСКО АЗ АҶИНАТЕППА ДИДАН КАРД

Хабарҳо

«Сад ранги чакан» дар Муъминобод

Хабарҳо