Дар як сатр
» » Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

3-01-2019, 12:14

Дар соли 2018-ум аз ноҳияи Дӯстӣ 2594 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки 104 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Рахим Бабаев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Дӯстӣ, ба рӯзномаи "Хатлон” иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ деҳқонон дар 14 216 гектар кишти маҳсулоти кишоварзиро анҷом доданд. Аз он ҷумла, ғалладона 3201 га, гандум 2184 га, ҷав 356 га, ҷуворимакка барои дон 319 га, шолӣ 250 га кишт карда шудааст. Зироатҳои техникӣ дар майдони 7393 га, аз он ҷумла пахта 7000 га, офтобпараст 140 га ва дигар зироатҳои техникӣ 253 гектарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, дар ноҳия сабзавот 1018 га кишт гардида, аз ҷумла карам 53 га, бодиринг 80 га, помидор 91 га, сабзӣ 242 га, пиёз 380 га, дигар намудҳои сабзавот 172 га, картошка 200 га, полезиҳо 905 га, зироатҳои хӯроки чорво 1499 гектарро дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки кишоварзони ноҳия дар соли ҷорӣ: ғалладона 20102 тонна (102 фоиз), гандум 10527 тонна (101 фоиз), ҷав 1068 тонна (102 фоиз), ҷуворимакка барои дон 1439 тонна (102 фоиз), шолӣ 1350 тонна (106 фоиз), пахта 11447,2 тонна (77,8 фоиз), офтобпараст 371 тонна (102 фоиз), дигар зироатҳои техникӣ 595 тонна (92 фоиз) истеҳсол намуданд. Ҳамчунин, сабзавот 34903,5 тонна (133 фоиз), карам 1068 тонна (136 фоиз), бодиринг 1737 тонна (100 фоиз), помидор 1979,3 тонна (101 фоиз), сабзӣ 7298 тонна (145 фоиз), пиёз 14680 тонна, (137 фоиз), дигар намуди сабзавот 2597, 2 (102 фоиз), картошка 3022 тонна (76 фоиз), полезиҳо 33608 тонна (111 фоиз) ва зироатҳои хӯроки чорво 22600 тонна (112 фоиз) иҷро кардаанд.
- Деҳқонони ноҳия аз ҳисоби кишти такрорӣ 5544 тонна сабзавот, 5507 тонна ғалладонагиҳо, 3200 тонна полезӣ ва 1200 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин нишондод 120 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад, - таъкид дошт Бабаев Рахим. – Инчунин деҳқонон дар майдони 2971 га кишти тирамоҳии барвақтӣ гузаронидаанд, ки 89 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, ғалладонагиҳо 2092 га - 72 фоиз, сабзавот 574 га - 109 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво 304 га - 79 фоизро ташкил медиҳад.
Фаромӯз БОБОЕВ,
"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Ҳосили меваю сабзавот дар Шаҳритӯс фаровон шудааст

Ҳосили меваю сабзавот дар Шаҳритӯс фаровон шудааст

Арсаи кишоварзӣ
Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА