Дар як сатр
» » Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

2-01-2019, 21:11

Баҳри таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дошта, то ин замон 8 бинову иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Сохтмони 7 иншоот ба анҷом расида, бунёди 6 иншоот дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, дар 40 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Соли ҷорӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бунёди иншоотҳои нав вусъати тоза гирифтааст. Аз ҷумла, майдончаи варзишӣ дар шаҳраки Балх, марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти "Узун” ва "Навобод”, 10 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55, маркази савдо, асфалтпӯш намудани 2,5 км роҳи автомобилгард дар деҳаи Саноати Ҷамоати деҳоти "Узун”, асфалтпӯш намудани 0,6 км роҳи автомобилгард дар деҳаи Асадуллои Ҷамоати деҳоти "Навобод” ва асфалтпӯш намудани 0,3 км роҳи автомобилгард дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти "Навобод” ба анҷом расида мавриди истифодабарӣ қарор, дода шуд.
Тавре ки Сайдалӣ Маҳмуродов, сармеъмори ноҳия, ба рӯзномаи "Хатлон” хабар дод, таъмиру азнавсозии шуъбаи таваллудии беморхонаи Ҷамоати шаҳраки "Гулистон”, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти "Ҳалевард”, 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар Ҷамоати деҳоти "Узун”, бунёди ҳаммом дар Ҷамоати шаҳраки "Балх”, чойхонаи замонавӣ дар деҳаи Асадуллои Ҷамоати деҳоти "Навобод”, сартарошхона дар деҳаи Шахтёри Ҷамоати деҳоти "Ҳалевард”, ҳуҷраи хатна дар деҳаи Қизилоктябри Ҷамоати деҳоти "Маданият” ба анҷом расида, дар муддатҳои кӯтоҳтарин ба истифода супорида мешаванд.
- Сохтмони корхонаи сементбарории ҶДММ «Моҳир семент» дар Ҷамоати деҳоти "Маданият”, меҳмонхонаи чорошёна дар Ҷамоати деҳоти "Навобод”, кошонаи ҳусн, сартарошхона, мағоза дар Ҷамоати деҳоти "Узун”, чойхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти "Фрунзе”, майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти "Фрунзе” дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд, - идома дод С. Маҳмуродов.
Тибқи иттилои манбаъ, бахшида ба ин санаи таърихӣ барқарорсозии шабакаи оби нӯшокии шаҳраки Балх, корҳои ободонӣ дар кӯчаи марказӣ, маҷмааи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти "Ҳалевард”, сехи дӯзандагӣ барои 200 ҷойи корӣ, майдони варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти "Навобод”, беморхонаи №1 дар Ҷамоати деҳоти "Калинин”, азнавсозии Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти "Узун” ва бунёди дигар иншоотҳо бомаром идома дорад.
Фаромӯз БОБОЕВ,



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ

БУНЁДИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Хабарҳо

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо

БУНЁДИ 4 МТМУ ТАВАССУТИ ҲАШАР

Хабарҳо