Дар як сатр
» » Нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ба анҷом расонем

Нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ба анҷом расонем

4-01-2019, 09:09

"Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Аз ин рӯ, солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд”, - зикр гардид дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин пешниҳоди Сарвари давлат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.
Талошҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои навини рушди кишвар, нишондиҳандаҳои макроиқтисодию микроиқтисодӣ, проблемаҳои ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза дар ҳамбастагӣ бо ҳам мавриди таҳлилу омӯзиши амиқ қарор гирифта, барои сафарбар намудани мардум ба корҳои хайру созанда шароит муҳайё месозанд. Таҳлили авзои ҷомеаи имрӯза ва роҳҳои рушди ҷомеаи фардо аз тарафи Сарвари давлат бо нишондоди дастовардҳои муҳими кишвар моро ба ояндаи неку дурахшон рӯҳбаланду умедвор месозанд.
Қобили зикр аст, ки барои пешгирии таъсири манфии буҳрони молиявӣ Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои иловагиро таҳия намудааст, ки он ба тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкориҳо бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дарвоқеъ, Паёми навбатӣ барои устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодиамон аз ҳар яки мо масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем. 
 
Раҷабмурод ФОЗИЛОВ,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ба анҷом расонем

Маориф ва илм
Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Ҳокимияти давлатӣ
Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Рўҳбаландӣ аз Паём

Рўҳбаландӣ аз Паём

---