Дар як сатр
» » Рисолати хешро бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат софдилона иҷро мекунем

Рисолати хешро бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат софдилона иҷро мекунем

3-01-2019, 08:06

Шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар сохтори тандурустии кишварамон низ бо ибтикор ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозсозии амиқ оғоз гардид ва ин раванд пайгирона татбиқ карда мешавад. Дар натиҷа, имрӯз заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ муҳайё шуда, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд расонидани хизматрасониҳои тиббӣ  мусоидат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад».
Азми бунёди беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ дар се соли оянда далели ғамхориҳои Сардори давлат ба соҳа мебошад. Инчунин дар Паём зикр шуд, ки дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаи тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.
Яке аз ҳадафҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардани солҳои 2019-2021 рушди инфрасохтори деҳот, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, мебошад.
Ҳаёт ва таърихи тамаддун борҳо тасдиқ намудааст, ки ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва рӯҳан солим ташаккул меёбад ва саломатӣ нишондиҳандаи воқеии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб рафта, солимии ҷомеа муайянкунандаи асосии фардои ҳар як миллату давлат мебошад.
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд карданд, ки тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон буда, проблемаҳои тайёр намудани кадр, инкишоф ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳтарсозии шароити муассисаҳои тандурустӣ дар маркази диққати доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.
«Ҷомеаи ҷисман ва рӯҳан солим ояндаи дурахшони миллат аст», - таъкид доштааст Пешвои миллат. Бо дарназардошти ин, маъмурияти Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, савияи дониши табибон ва истифодаи пурсамари дастовардҳои навини илми тиб диққати ҷиддӣ дода, табибонро барои сайқали донишу таҷрибаашон дастгирӣ менамояд. Бо мақсади дар сатҳи баланд хизматрасонӣ кардан ба беморон мутахассисони беморхона дар муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон на танҳо дар сатҳи ташхисию табобатӣ ва амалияи клиникӣ, балки дар самтҳои илмию тахлимӣ низ фаъолият мебарад. Дар заминаи шуъбаҳои беморхона кафедраҳои шуъбаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтаанд ва дар он бозомӯзии мутахассисон сурат мегирад. Беморхонаи мо инчунин имкон дорад, ки ҷиҳати ба такмили ихтисос фаро гирифтани шумораи зиёди кормандони миёнаи тиб ҳамчун пойгоҳи клиникӣ истифода шавад.
Корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти муосири тиббӣ дар биноҳои иловагии беморхона дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Барои корҳои сохтмонӣ 7,5 миллион евро ва дастраснамоии таҷҳизоти нави тиббӣ 3,5 миллион евро масраф хоҳад шуд. Дар оянда, бо бунёд гардидани биноҳои нав якчанд маркази нави тиббӣ, аз ҷумла маркази трансплантология таъсис дода мешавад. Соли гузашта ба беморхона беш аз 50 номгӯи таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шуд, ки кори муоина, ташхис намудан, анҷом додани амалҳои ҷарроҳиро осонтар мекунад.
Роҳбари давлат дар Паёми нав-батиашон ҳамчунин ба вуҷуд доштани баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ишора намуданд. Дар ҳақиқат, эроди Пешвои миллат ба масъалаи паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон ҷой дорад. Маъмурияти беморхона пайваста дар ин самт тадбир меандешад, то дараҷаи хизматрасонӣ боло рафта, муроҷиаткунандагон бо қаноатмандӣ аз назди табиб ба хона баргарданд.
Мо ба масъалаи истифодаи дорувории бесифат, эҳтимоли қонуншиканӣ ва ё хунукназарии табибон низ диққати махсус дода, дар роҳи содиршавии ин гуна қонуншиканиҳо садди устувор мегузорем.
Дарвоқеъ, тавре ки Пешвои миллат таъкид кардаанд, рисолати вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо бо доштани таҳсилоти олӣ ва пӯшидани хилъати сафед ба охир намерасад. Мо, ҳамчун табиби воқеӣ, сифатҳои ҳалимиву хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат хоҳем кард.
Мо дарк мекунем, ки мақсад аз дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки ин ниҳоди ҳаётан муҳим иҷрои рисолати аслии худ, яъне нигаҳдории саломатии сокинони кишвар ва пешгирии бемориҳоро дар сатҳи касбӣ таъмин намуда, табибони мо бо ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави ташхису табобат ворисони аслии Синои бузург будани худро собит карда тавонанд. 
 
Алихон НУРАЛИЕВ,
сардухтури Беморхонаи
 клиникии вилоятии
ба номи Б. Воҳидов


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Тандурустӣ ва экология
Дараҷанокии касбии духтурони  беморхонаи вилоятӣ ба 75% расидааст

Дараҷанокии касбии духтурони беморхонаи вилоятӣ ба 75% расидааст

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Тандурустӣ ва экология
Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд

Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Роҳнамои табибон

Роҳнамои табибон

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо