Дар як сатр
» » Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯе ки ба душмантарошии миллат машҳур аст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯе ки ба душмантарошии миллат машҳур аст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

3-01-2019, 18:33


Ин нафарак зодаи Ҷайҳунаст. Модарро бо тамоми хешутабор дар ин ноҳия сархам кардааст. Сархам азон ки ба душманони миллат пайваста, дар тавҳинутаҳқири иттилоотӣшарик аст. Хатмкардаи мадрасаҳоипокистонӣмебошад, чалласавод ва кӯтоҳандеш. Аз ҳар хамир фатире, азҳардонише сарсариву сатҳӣдар бораи дину сиёсат чизаке хондааст, вале он фаҳмидаашро чунон мутлақ медонад, тавони танқиди тарафи муқобилро надорад. Аллома ва ҳамадон аст.

3 сол аст заминҳоибобоӣ дарноҳияи Ҷайҳунхобу валангор ва ба шӯразор табдил ёфтаанд, ин фарзанди фориғболва сиёсатбоз дар пайрави раҳбарони ҳаракати террористии мамнуъ, ҳаррӯзбо суханҳоипучу беҳудаи худ, гӯри худро канда истодааст. Ҳамоқатнигорӣ (арбсурдизм) ҷузъи рафтори М.Файзраҳмонаст. Чун сухан ба забон меорад, дарк мекунӣ, ки душмантароши рақами№1 –и наҳзат аст.Душмантарошӣба хотири хуморшиканӣ. Аввал, соли 2015 ба Эрон гурехт. Баъдан дар Туркия мутаватан шуд. Сонӣ бо мавҷи гурезаҳоикурду араб худро афғонмуррифӣ карда, ба Германия расонид.

Ҳолати ба Германия омадани М.Файзраҳмонро шоҳидони айнӣнақл мекунанд: Рӯзе ки дар қароргоҳи муҳоҷирон ба ӯ кӯмакпулии 320 евро доданд, бо гиряву нола онҳорогирифта, дарчашму рӯяш мемолид. Мардуми атрофи қароргоҳ, ғуломмманишӣва мафтуншавиро дар назди хоҷагони наву пулдӯстии М.Файзраҳмонро дида ҳайрон шуданд. Чандин тоҷиконои Афғонистон бинобар қаробатиқавмӣ аз ин ҳолат ба риққатМ.Файзраҳмонро маслиҳатоданд, ки инқадар пасту фурӯмоя рафтор накунад, зеро ин пулҳо мувақкатианд ва 2 моҳ баъд ба охир мерасанд. Баъдан, хурсандии як мусулмонро аз ташкилоти насронии «Штрасфуд» бо ин ҳолуаҳвол аввалинбор мебинанд. Ҳоло он ки М.Файзраҳмонхудро аъзои ҳзиби террористии наҳзатӣмуаррифӣкарда буд ва бо ин ҳарфҳообрӯйидурӯғинхарида буд. Тамоми муҳоҷирони шаҳриКёлн, аз рафтори М.Файзраҳмон баҳайрат омада, бинобар пулдӯстиаш ӯро«анкл Доллар» садо мекунанд.

Мавзӯи дигаре ки ин аслгумкарда даст задааст, ба минбари ҳизби террористӣтабдил додани баъзе расонаҳоикишвари пазиранда мебошад. Музахрафоти вофирро, ки мамлу аз росту дурӯғ аст, ӯ бо Бобоҷони Қаюмзод, наҳзатии хиёнаткор аз тариқи оинаи нилгун мерезанд, миллатро шарманда ва давлатро дар назди бегонагон ҳамчун абзори «террор» вонамуд мекунанд.

Ин дугоники террористманиш дар паҳн кардани дурӯғу оваза устои кор шудаанд. Масъалаи «ҳуқуқи башар» ва ҳимояи «озодиҳои динӣ»-ро дастак карда, ҳангома меандозанд. Тоҷикро бо тоҷик душман мекунанд ва заминаи ҷанги шаҳрвандии навро хилофи манфиатҳои азалии мардуми ин марзу бум, боз доман мезананд. Қомати букриро гӯр рост мекунад. Ин писарони ифротӣ, ки аз падарони ҷангандози худ омили хархаша ва ҷангро ба мерос гирифтаанд, хиёнати такрориро анҷом доданианд.

Муборизаи сиёсӣ давом мекунад, вале душмантарошиҳои М.Файзраҳмон ҳамчун захми носур дар дили фарзандони баору номус он то абад боқӣ хоҳанд монд ва фаромӯш нахоҳанд шуд. Барои ҳар як ҳарфу ҳиҷое ки дар хориҷа гуфта мешавад, ҷавоби муносиб дода хоҳад. Дар вақти муносиб ва дар макони созгор,оқибати кор ҳар кас он даравад, ки кишт.

 

Қутби Каримов, таҳлилгар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темур Варақӣ, бегонае ки худро халқи таҳҷоӣ ва патриот вонамуд кардааст (А ...

Хабарҳо

Мақсади наҳзатиҳо танҳо харобкорист

Хабарҳо

То риё варзаду солус, мусулмон нашавад

Хабарҳо

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Сиёсат

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо