Дар як сатр
» » Дағдағаи Кабирӣ дар соли 2019 чист? (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

Дағдағаи Кабирӣ дар соли 2019 чист? (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

3-01-2019, 18:23


Кабирӣ як нафари дорои тафаккури нимамаҳалии бо олудагиҳоибиёбонӣ махлут, алломатарош бо донишҳоисатҳи пасти шарқшиносӣ, зоҳирпараст ва тобеи нафси армонии омехта. Ҳамин як ҷумла, маниши Кабириро хулосагирӣ мекунад. Дар ҳамин ҷометавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Коғазро омехтаи ҳарфҳоибеҳудаву пуч насозем. Вале ҳамоқатнигории Кабирӣмаҷбур месозад, ки ба умқифардии ин «сиёсатмадор»-и дингаро бештар зеҳн биронем. Зеро ки:

1. Кабирӣмероси сулҳхоҳиисобиқаи наҳзатро ба ду по ба замин зад ва аз ин ҳизби парлумонӣ ҳаракати террористии дарҷустуҷуйи Интерпол сохт ва табдил дод.

2. Ба иттиҳодиназари наҳзатиҳои оддӣ, ки мехостанд ба масири миллӣбаргарданд, Кабирӣбо хонаводааш чунон зарбаи муҳликзад, ки яке аъзои қаноти ҷангии наҳзат«Ансорулло» шуд, дигарӣ насронӣ гашт, сеюмӣ аҳли ташайъю ва чорумӣ салафӣ. Панҷумӣ дар маҳбас.

3. Адами мудирият тамоми ҳайати шурои олии раёсати ин ҳизбро бинобар даст доштан дар табаддулоти ҳарбӣ ба зиндон бурд. Гардонандаи ин тахалуфот ва таклифоти тафриқавӣ ҳама баяк вожа ифода меёбад: Кабирӣ.

4. Сармояи ину онро ҷамъ кард ва зад дар пояи девори бозори «Саховат». Воқеаҳои ахир маълум агар намекарданд, хуни мадумро мемакид ва боз ҳам аз худ бут метарошид.

5. Пардаи асрор агар аз ҳувияти Кабирӣ бардорем, ҳодисаҳои ачибу ғариби маълум мешаванд. Чунончи, бо такя ба маълумоти нав ва бикри бойгонии таърихӣ маълум мегардад, ки амирсолорӣ ва манғитпарастӣ ва босмачигидӯстдории ин аслбохта решаҳои қавии қавмӣ доштааст. Ин ахбори сиррӣ далолат аз он мекунанд, ки Кабирӣ аз авлоди қурбошӣ Ғаюрбек, тағобачаи амир Олимхони манғитӣ будааст, ки аз солҳои 1920 то 1930 дар ҳудуди Файзобод ба қатлу куштори кормандони давлатӣ, муаллимони замони нав ва занҳо даст мезадааст(манбаъ: В горах Восточной Бухары, А.Нальский, стр.57).

6. Нишонаҳоибосмачигарӣ дар ҳар шаклу сурате дар рафтори мухолифони ғурбатнишин эҳсос мешавад. Ин тарзи тафаккур пеш аз ҳама дар мафтуншавӣба ақоиди динӣ ва шиорпартоии подарҳавоаз қабили «қиёмат қоимшуд», «шариато завол гардид» ва ё «куффор Бухоро»-ро гирифт» зоҳирмегардад. Ин бархӯрд ба ҳаракати садсола, ки солҳои 20-уми асри гузашта, минтақароба чолиш кашида буд, хеле аҷиб ба назар мерасад. Дар ин бозиҳои шайтанатӣ муқассир Кабирӣ мебошад.

7. Кабирӣ аз рӯйи ахбори ҳалқаҳои ба ӯ наздик, гароиши аз ҳад зиёд ба таҷаммулпарастӣ ва зоҳиргарӣ дорад. На ришро қабул дорад ва на бериширо. Ин гуна ашхос ҳама дар талаби ин дунё ҳастанд ва охират.

8. Ҳамин дугонагии тафаккур ва аслбохтагӣ Кабириро ғурбатнишин, ҳизбро валангор ва мардумро овора кардааст. Ин гумроҳи роҳи сиёсат намедонад, ки масири иштирок дар сиёсат созиш аст. Тавба аст. Тавба аз гуноҳҳои собиқа. Поксозии рӯҳӣ. Тозакории тафаккури хароби қотилӣ, узрхоҳӣ аз миллат.

 

Давом дорад

Комрон Саломов, таҳлилгар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НОКОМИИ ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ (Ҷавоб ба кӯри Юнус, ҳомии сиёсатбозиҳову паймо ...

Хабарҳо

Додоҷони Атовулло дар “Ногуфтаҳо” ҳама гапро гуфт

Хабарҳо

Олудагиҳои ахлоқӣ дар таҳлили «раҳбар»-и фирории ТТЭ ҲНИ

Хабарҳо

Сенарияи навбатии Муҳиддин Кабирӣ

Хабарҳо
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ…

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ…

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо