Дар як сатр
» » Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

1-01-2019, 10:08

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва соҳибкорону сокинон корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бунёди маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, муасиссаи таълимӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, майдончаи варзишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмир ва мумфарш намудани роҳи байни кӯчаҳо бомаром идома дорад.

Тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату муассисаҳои ҷумҳуриявӣ шахсони мутасаддӣ номнавис шудаву дар маҳалҳо ба фаъолият шуҷӯъ карданд.

Бино ба иттилои Б. Ашӯрзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Данғара, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара сохтмони 241 иншоот ба нақша гирифта шуда, 224 нафар масъули сохтмон аст. Дар 133 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст. Инчунин, дар арафаи соли нав 19 иншоот аз ҷониби масъулон ва соҳибкорон ба истифода дода шуд.

Дар муҳлати муқарраршуда ба истифода додани онҳо имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда, садҳо нафар бо ҷойҳои кории мавсимию доимӣ таъмин гарданд ва сатҳи зиндагии худро боло бардоранд.

Саҳми соҳибкорон Нуралӣ Арабзода, Мирзошо Ҳукуматов, Аброр Ҳасанов, Самӣ Давлат, Асадулло Уммуродов, Нусрат Файзуллоев, Умар Алиматов, Боир Шарипов, Ҷамшед Шарифзода, Ҳабибулло Абдуҳақов, Ҳотам Назарзода, Саъдӣ Неъматов, Абдулло Қурбонов, Файзиддин Сайфуллоев дар корҳои ободонию бунёдкории ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва деҳаҳои "Данғара”, "Хоҷа Шақиқи Балхӣ”, "Нурофар”, "Остона”, "Хуррамзамин”, "Лоларух”, "Туябиюн”, "Ғарғара”, "Меҳтар”, "Боботупхона”, "Навобод”-и ноҳияи Данғара дар сохтмони иншооти таъйиноти гуногуни ба зиммагирифтаашон бо камоли масъулиятшиносӣ заҳмат кашида, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзанд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Данғара: азми бунёди 190 иншоот дар се сол

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо