Дар як сатр
» » Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

1-01-2019, 09:56

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати фарорасии Соли нави 2019
Ҳамватанони азиз!
Сокинони сарбаланди вилояти Хатлон!
Мову шумо соли нави 2019-ро бо рӯҳияи баланд, зери таассуроти нек аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат истиқбол мегирем.
Дар ҳақиқат, соли 2018 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ нақш баст. Кофист, ки аз ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат дар масъалаи об, бакорандозии чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» - иншооти азими аср ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расонидани муносиботи ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдовар шавем. Тавре ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ин дастовардҳо дар роҳи ноил шудан ба ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ қадами устувор ба ҳисоб рафта, ба туфайли он ҳадафи дуюми стратегии давлату Ҳукумат, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар соли 2018 пурра иҷро гардид.
Ин ҳама дастовардҳо аз интихоби роҳи дуруст ва пеш гирифтани сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои пайваста ва садоқатмандонаи ӯ дар самти таъмини зиндагии шоиста ба мардуми диёр ва дар масири рушди иқтисодӣ гомҳои устувор гузоштани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Агар ба нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоятамон дар соли 2018 нигарем, он бомаром афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 106,7% таъмин гардидааст. Дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон саҳми фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон назаррас мебошад. Дар нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ ҳиссаи вилояти Хатлон 26%-и ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохила, 31%-и ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, 49%-и ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, 19%-и ҳаҷми маблағгузориҳои сохтмони асосӣ, 14%-и баистифодадиҳии фондҳои асосӣ, 19%-и гардиши моли чакана, 16%-и ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 29%-и ҳаҷми боркашонӣ ва 14%-и мусофиркашониро ташкил дод.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет 102,8% таъмин гардида, ба буҷет 960,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 26,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мо медонем, ки зарфиятҳо ва имкониятҳои иқтисодии ҳанӯз истифоданашудаи вилояти Хатлон хеле зиёданд. Бо дарназардошти ин, Роҳбари мамлакат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар назди мақомоти давлатӣ вазифаҳои пурмасъулияте гузоштанд, ки истифодаи самарабахш аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати рушди деҳот, бунёди инфрасохтори мусоид дар сатҳи маҳал, бартараф намудани мушкилоти норасоии оби босифати нӯшиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба ҳунаромӯзии ҳар як шаҳрванди мамлакат аз ҷумлаи онҳо буданд.
«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солхои 2019-2021 нишонаи таваҷҷуҳи махсуси Сардори давлат ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳалли мушкилоти деҳот ва зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси Хатлонзамин барои бо сифати баланд иҷро гардидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамкории хубу созанда ба роҳ мемонанд ва то ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне соли 2021, тамоми нақшаҳо ва дурнамои корҳои ободониву бунёдкорӣ дар вилоятамон бапуррагӣ таъмин мегарданд.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Дар арафаи Соли нав тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда ба ҳукми анъана даромадааст. Итминон дорам, ки соли 2019-ум дар вилояти Хатлон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб вусъати бештар пайдо карда, худшиносиву худогоҳии миллӣ густариш меёбад ва мардуми сарбаланди вилоят дар муаррифӣ ва пешрафти сайёҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми дучанд хоҳанд гузошт.
Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз он ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди иншооти энергетикӣ, роҳҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вобаста мебошад. Барои татбиқи ин ҳадафҳои наҷиби стратегӣ, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ба таҳкими давлатдории миллиамон мусоидат хоҳанд кард, вазифаи ҳар фарди вилоят аст, ки дар назди Ватан-модар рисолати фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро содиқонаву софдилона адо карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муқаддасамон кӯшишу талоши пайваста намоянд.
Бо ҳамин таманниёти нек, бори дигар тамоми ҳамватанони азиз, аз он ҷумла сокинони Хатлонзаминро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 самимона таҳният мегӯям. Бигзор соли нави 2019 барои Тоҷикистони азизи мо соли пурфайзу бобаракат, соли татбиқи ҳадафҳои созанда, соли пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми диёр бошад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ...

Хабарҳо
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Сиёсат, Хабарҳо
Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Сиёсат