Дар як сатр
» » Театри Хатлон аз Бишкек 3 ҷоиза овард

Театри Хатлон аз Бишкек 3 ҷоиза овард

25-09-2017, 11:52

Театри Хатлон аз Бишкек 3 ҷоиза овард

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз 11 то 16 сентябри соли равон 6-умин Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон хабар доданд, дар ин Фестивал театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа соҳиби 3 ҷоиза ва дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, итиллоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими пӯшидашавии фестивал ба 3 нафар аҳли адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломи Академияи фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуд.

Дар охир ҳунармандони театри мазкур Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Маҳмадалӣ Айюбов бо кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрӣ гузаронида, баҳри болидахотирии тоҷикони муқими Қирғизистон дар мавзеи Учқӯрғони шаҳри Қадамҷо барномаи ҳунарӣ намоиш доданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Даромади театр – 81500 сомонӣ

Даромади театр – 81500 сомонӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА