Дар як сатр
» » Ҳамеша дар хизмати халқу ватан

Ҳамеша дар хизмати халқу ватан

29-12-2018, 08:45

Мардум имрӯз дар симои милитсия намояндаи давлатро мебинанд ва ба онҳо бо умеди ҳалли мушкилоти худ муроҷиат менамоянд.

Ҳотамбек Ғафуров сокини деҳаи «Навобод»-и Ҷамоати деҳоти «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён аст. Ӯ соли 2014 барои гузаронидани маъракаи тӯйи арӯсии духтараш  қарор дод аз бонк 3 ҳазор доллари ИМА қарз бигирад. Ҳотамбек тасодуфан бо Султон Олимов тоҷири бозори Ҳоҷӣ Шариф шинос шуда, ба қавле дӯстӣ пайдо карданд. Дар омади гап Ҳотамбек боре аз мушкилоти худ ба дӯсташ арзи дил мекунад. Султон ба боварии Ҳотамбек даромада, ӯро бовар кунонид, ки барои ҳарчи зудтар гирифтани қарз баҳраш кумак мерасонад.

Ба гуфтаи Ҳотамбек Ғафуров 7-уми апрели соли 2014 Султон бе иштироки ӯ бо истифода аз ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиаш аз филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и шаҳри Бохтар 30 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, ба ному насаби бародари худ Олимов Исроил Баротович ба расмият медарорад. Аз ин сохтакории қаллоб Ҳотамбек ҳатто хабар намеёбад.

- Баъд аз муроҷиати масъулони ҶСК «Агроинвестбонк» огоҳ гаштам, ки Султон Олимов маро фиреб додааст, - иброз дошт Ҳотамбек Ғафуров. - Ӯ манзили истиқоматии маро дар бонк ба гарав гузошта, 30 ҳазор доллари ИМА-ро аз бонк гирифта, ғайб мезанад. Баъди пардохт накардани маблағи қарзи гирифташуда, аз тарафи Султон ва бародараш Исроил манзили истиқоматии ман барои таъмини иҷрои уҳдадорӣ ба ҳисоби филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и шаҳри Бохтар мегузарад.

- Баъди огаҳӣ ёфтан аз амали-ёти қаллобии Султон оҷилан ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар муроҷиат намудам, - зикр намуд Ҳ. Ғафуров. - Б. Ғанизода, сардори шуъбаи тафтишотӣ ва М. Афғонов, муфаттиши  ШВКД дар шаҳри Бохтар ба мушкилоти ман шинос шуда, бо донишу маҳорати баланди касбии худ мушкилотамро  оҷилан ҳал намуданд, - идома дод мавсуф.

Аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар нисбати Олимов Султон Баротович бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир кардани ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯйистифодаи боварӣ, такроран ва ба роҳи ба шаҳрванд расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон айбдор донист. Бо дарназардошти он ки Султон Олимов аз тафтишоти пешакӣ пинҳон шуда, маҳалли буду боши ӯ муайян набуд, нисбаташ кофтукови расмӣ эълон карда шуд.  

Ҳотамбек Ғафуров ба Б. Ғанизода, сардори шуъбаи таф-тишотӣ ва М. Афғонов, муфаттиши  ШВКД дар шаҳри Бохтар изҳори миннатдорӣ менамояд. Зеро онҳо амалиёти қаллобию мардумфиребии Султон Олимовро ошкор карда, манзили истиқоматии ӯро баргардониданд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷарима барои қаллобӣ

Ҳуқуқу амният
Занро шавҳараш кушт

Занро шавҳараш кушт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният