Дар як сатр
» » Дар тарбияи ноболиғон бетараф набошем

Дар тарбияи ноболиғон бетараф набошем

28-12-2018, 14:44

Тибқи иттилои расмӣ, дар 11 моҳи соли 2018-ум дар ҳудуди вилоят 214 ҳолати ҷиноят ва қонунвайронкунӣ аз тарафи 141 нафар (50 нафар таҳсил намекунанд) ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 ҳолат зиёд мебошад. Ин нукта дар ҷаласаи комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зикр шуд.

Ҷаласаро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба  масъулон оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолият ва нишондиҳандаҳо оид ба афзоиши ҷинояткорӣ ба масъулини ҳуқуқи кӯдак дастуру супоришҳо дод.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо фаъолони вилояти Хатлон дар соли 2018 аз афзоиш ёфтани қонуншиканиву ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таъкид намуда буданд, - иброз намуд Хатича Бегова, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон. - Бояд аз эродҳои Роҳбари давлат хулосаи ҷиддӣ бароварда, баҳри ислоҳи вазъият ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятсодиркунии ноболиғон бештар кӯшиш ба харҷ диҳем, - идома дод Хатича Бегова.

Мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар идомаи гузориши худ зикр намуд, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунӣ миёни ноболиғону наврасон яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддӣ ба шумор меравад. Мутаассифона, бо вуҷуди андешидани чораҳои дахлдор то ҳол миқдори қонуншиканӣ ва содир намудани ҷиноят аз тарафи ноболиғону наврасон  дар бис-ёр шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёд ба назар мерасанд.

- Дар соли 2018-ум  2 ҳолати додани таълимоти ғайриқонунии динӣ бо фарогирии 5 нафар ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, дар ин давра 41 ҳолати ғарқшавии ноболиғон қайд гардидааст, ки нисбати соли гузашта 66 ҳолат кам мебошад, - афзуд Х. Бегова. - Дар давраи сипаришуда 274 садамаи нақлиётӣ аз тарафи ронандагон ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 23 нафар ноболиғон фавтида ва 88 нафарашон ҷароҳат бардоштаанд.

Х. Бегова афзоиш ёфтани қонуншикании ноболиғону наврасонро аз коҳиш ёфтани назорат аз тарафи вилодайн, ба тарбияи фарзанд дуруст машғул нашудани  онҳо, фаъолияти нокифояи аъзои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, набудани робитаи зич миёни мактаб ва падару модарон ва ташкили сусти корҳои тарбиявиву фаҳмондадиҳӣ мебинад. - Тарбия намудани насли наврас вазифаи аввалиндараҷаи волидайн, омӯзгор ва ҷомеа мебошад, - афзуд ӯ.

Фаромӯз БОБОЕВ,



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ОМОДАГИҲО БА ТАҶЛИЛИ 1 ИЮН

Хабарҳо
Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА