Дар як сатр
» » Н. ХУСРАВ: ОМОДАГӢ БА ҶАШН

Н. ХУСРАВ: ОМОДАГӢ БА ҶАШН

27-12-2018, 10:42

Дар ноҳияи Носири Хусрав дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмири 104 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

 

Зимни тасдиқи ин хабар Умед Худойбердиев, директори лоиҳакашии ноҳия ба рӯзномаи "Хатлон” иттилоъ дод, ки дар давоми се сол дар ноҳия сохтмони 2 адад муасисаи томактабӣ, 4 адад таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ, 4 адад таъмири китобхона, 2 адад сохтмони тӯйхона, 4 адад таъмири беморхонаи марказӣ дар назар аст. Ҳамчунин, сохтмони 6 адад дорухона, 14 адад сартарошхона,  6 адад ҳамом, 6 адад кошонаи ҳусн, 4 адад маркази савдо, 2 адад маркази хизматрасонӣ ва таъмири мошинҳо, 4 адад шустушӯи мошинҳо, 2 адад меҳмонхона барои қабули сайёҳон, 2 адад коргоҳи коркарди шир, 2 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 1 адад дукони ҳунармандӣ - дуредгарӣ ва  1 адад нонвойхона ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар соли 2018-ум сотмони 4 адад иншоот дар Ҷамоати деҳоти "Фирӯза”-и  ноҳия дар арафаи анҷомёбист. Аз ҷумла, сохтмони бино барои гузаронидани тӯй аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Н. Ҳайитов, ҳаммом аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ш. Баротов, сехи дӯзандагӣ аз тарафи соҳибкор Ӯлӯғбек Ҳошимов ва нонвойхона аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ А. Ҷӯраев ба истифода супорида мешавад.

 

Фаромӯз БОБОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ

Норак:Корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашн

Фарҳанг ва адабиёт

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Вохӯрии раиси вилояти хатлон Д. Гулмаҳмадзода бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳ ...

Вохӯрии раиси вилояти хатлон Д. Гулмаҳмадзода бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ