Дар як сатр
» » Иншооти нав дар Кӯлоб

Иншооти нав дар Кӯлоб

26-12-2018, 11:41

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сохтмону таъмир ва ба истифодадиҳии беш аз 800 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки як қатори он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Дар деҳаи Тоқакаппаи Ҷамоати деҳоти "Даҳана” маркази ҷамъоварӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин марказ маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзони деҳаҳои ҷамоат ба фурӯш бароварда мешаванд. Ин марказ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, дар он нуқтаҳои ҷамъоварии маҳсулот, нигоҳдорӣ ва фурӯш мавҷуд аст, ки беш аз 55 нафар сокинони ҷамоат бо ҷойи кор таъмин шуда, кишоварзон имкони ба фурӯш баровардани маҳсулоташонро бо нархи дастрас пайдо мекунанд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур мушовири Президенти мамлакат, роҳбари гурӯҳи кории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.  Қайд карда шуд, ки мақсад аз бунёди чунин иншоот бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои кишоварзон ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон мебошад. Илова гардид, ки дар Ҷамоати деҳоти "Даҳана” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони беш аз 250 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар маркази шаҳри Кӯлоб бошад, аз ҷониби ҶДММ «Ориён Рустам» бинои забҳи чорво мавриди истифода карор дода шуд. Мақсади ташкили ин нуқтаро роҳбари корхона Амриддин Рустамов дар забҳи чорвои ҷавобгӯ ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ  унвон кард. Илова намуд, ки дар ин бино имкони дар як шабонарӯз забҳи 30 сар чорвои калони шохдор ва  50 сар чорвои хурд фароҳам оварда шудааст. Чорвои шаҳрвандоне, ки маъракаҳои хайрия доранд, ройгон забҳ карда мешавад.

Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Данғара: азми бунёди 190 иншоот дар се сол

Хабарҳо

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
8736 сар чорвои хушзот вориди бозор гашт

8736 сар чорвои хушзот вориди бозор гашт

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ