Дар як сатр
» » ТЕМУРМАЛИК. БА ИНТЕРНАТИ ТАНОБЧӢ ОБ ОМАД

ТЕМУРМАЛИК. БА ИНТЕРНАТИ ТАНОБЧӢ ОБ ОМАД

28-12-2018, 10:40

Дар мактаб-интернати ятиму бепарасторони ноҳияи Темурмалик 78 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади таъмини муассисаи мазкур бо оби нӯшокӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба муассиса аз масофаи 4 километр хатти оби ошомиданӣ гузаронида шуд. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи  «Систем-афтаматика»  дар муддати панҷ моҳ ба анҷом расонид.

Дар расми ифтитоҳи он намояндагони сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони дигар иштирок намуданд. Дар баробари таъмири обанбор ва хатҳои оби нӯшокӣ дар дохили муассиса дастгоҳҳои муосири обгармкунӣ ба воситаи панелҳои офтобӣ насб карда шудааст. Ин таҷҳизот дар ошхона ва ҳаммом 1500 литр обро гарм мекунад.

Бахшида ба соли нави 2019  ба тарбиятгирандагон аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об, сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Дар ин рӯз барои тарбиятгирандагон аз тарафи дастандаркорон дастурхони идона кушода шуда шуд.

Роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ тарбиятгирандагони муассисаи мазкурро табрик гуфта, ба онҳо сару либоси зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард. Ин иқдом аз ҷониби дигар вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша идома дорад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таъмини хобгоҳи Муассиса-интернати Вахш бо таҷҳизот (аксу видео)

Таъмини хобгоҳи Муассиса-интернати Вахш бо таҷҳизот (аксу видео)

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳадяҳо ба шогирдони мактаб-интернати Қубодиён

Ҳадяҳо ба шогирдони мактаб-интернати Қубодиён

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо