Дар як сатр
» » Истеҳсоли пахта кам шуд, аммо коркарди он бештар

Истеҳсоли пахта кам шуд, аммо коркарди он бештар

27-12-2018, 09:38

Дар Тоҷикистон аз оғози мавсим то 14 декабр 324,7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Тавре ки аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда ба 90,4%-и дурнамои имсола баробар аст.

Дар ин давра пахтакорони вилояти Хатлон беш аз 200,8 ҳазор тонна «тиллои сафед» ғундоштаанд, ки 80,2 фисади дурнаморо ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти ҳавои мусоид маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҳанӯз ҳам дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят идома дорад.

Қобили зикр аст, ки боришоти зиёди нимаи якуми моҳи ноябр боиси ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани мизони ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон гардид. Новобаста ба ин, кишоварзони якчанд шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят, аз ҷумла Данғара, Бохтар, Левакант Кӯшониён дурнамои имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кардаанд.

Имсол дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакорони вилоя-ти Хатлон дар майдони 122404 гектар пахта кишт шуда, тибқи дурнамо, бояд 250310 тонна «тиллои сафед» истеҳсол мегардид.

Бояд гуфт, ки тибқи дурнамо, дар Тоҷикистон то соли 2025 бояд коркарди тамоми нахи пахтаи дар кишвар истеҳсолшуда бояд ба роҳ монда шавад. Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Хол Ҳайдар моҳи майи соли ҷорӣ дар парлумони кишвар зимни баррасии Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 иттилоъ дода буд. Ба қавли ӯ, ҳар сол ҳаҷми коркарди нахи пахта дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад ва дар соли гузашта ин нишондиҳанда ба 17,1 ҳазор тонна расид. Солҳои қаблӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3-5 ҳазор тонна «тиллои сафед» коркард мешуду халос.

Дар баробари талошҳо барои коркарди пурраи пахта дар дохили кишвар, инчунин афзоиши ҳаҷми содироти он низ ҳамчун ашёи хом ба қайд гирифта шудааст. Агар дар соли гузашта аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 121 миллион доллар пахта содирот шуда бошад, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 150 миллион доллар баробар шуд.

 

Носирҷон Маъмурзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАХТАКОРОНИ ДАНҒАРА ПЕШСАФАНД

Хабарҳо
ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИҶРО ШУД

ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИҶРО ШУД

Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо

Дурнамои пахта 30% иҷро шуд

Хабарҳо
Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА