Дар як сатр
» » Ҳосили баланд аз тухмии хушсифат вобаста аст

Ҳосили баланд аз тухмии хушсифат вобаста аст

28-12-2018, 10:30

Солҳои охир аз ҷониби Ҳуку-мати кишвар, бахусус Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ба ин хотир майдонҳои кишти ин зироат сол аз сол васеъ гардида, бо ин васила ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва соҳаи саноат ба ашёи хом таъмин мешавад.

Пешвои миллат дар сухан-рониҳояш ҳангоми сафарҳои кории худ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таъкид менамояд, ки рушди пахтакорӣ ба манфиати мардуми деҳот аст. Зеро он манбаи даромади марди деҳқон  ва боло рафтани сатҳи зиндагии онҳо мебошад. Ҳамчунин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки кишти тухмии босифат омили фаровонҳоси-лист. Ҳамин аст, ки кишоварзон аз тухмии хушсифат васеъ истифода бурда, ҳамасола ҳосили зиёди пахта мерӯёнанд.

Хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ ба парвариши пахтаи тухмӣ нигаронида шудааст. Ба хоҷагӣ деҳқони соҳибтаҷриба Бекмурод Холов сарварӣ мекунад. Ӯ хоҷагиро ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил дода, ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои пахтакор бо тухмии босифати пахтаи навъҳои гуногуни  ба иқлими вилоят мувофиқ фаъолияти босамар дорад.

Хоҷагии болозикр 631 гектар майдони киштбоб дорад. Дар 400 гектари он пахтаи навъҳои "Тоҷикистон”, "Хатлон-14” ва «Флора» барои тухмӣ кишт карда мешавад. Дар майдони боқи-монда кишти гандуми навъи пешпазаки "Краснодар-99” гузаронида мешавад. Ин усул ба гузаронидани кишти такрорӣ мусоидат мекунад. Хоҷагӣ дорои техникаи шудгоркунанда ва коркарди байни қаторҳо мебошад. Техникаи кишоварзӣ дар хоҷагӣ аз тарафи устоҳои худӣ таъмир карда мешавад. Ин барои хоҷагӣ қулай ва арзон аст.

Тавре ки роҳбари хоҷагӣ иб-роз дошт, тайёр намудани чигити тухмӣ қоидаҳои худро дорад. Кишти пунбадонаи тухмӣ охирҳои  моҳи март гузаронида шуда, нигоҳубину коркарди махсусро талаб мекунад. Зичии ниҳолҳо дар як гектар бояд 85-90 ҳазорро ташкил диҳад. Дар давраи коркарди байни қаторҳо ба 1 гектар 300-350 килограмм нуриҳои минералӣ дода мешавад. Баъди 12-14 - моҳа шудани ниҳолон онҳоро сарчин мекунанд. Масалан пахтаи навъи "Тоҷикистон” дар муддати 120  рӯз пухта расида, ҳосилнокиаш 30-35-сентнериро ташкил меди-ҳад.

Ба ҷамъоварии ҳосили пахтаи тухмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Баъди пухта расидани 60 фоизи кӯрак чиниши аввалро оғоз карда, ба сифати пахтаи ҷамъовардашуда низ эътибори махсус дода мешавад. Ба коркарду тайёр намудани чигити тухмӣ мутахассисони таҷрибадор сафар карда мешаванд. Барои ин кор таҷҳизоти махсуси тухми-тозакунӣ мавҷуд аст.

Ҳамин аст, ки хоҷагиҳои пахтакор тухмии босифату озмудашудаи хоҷагии ба номи Эргаш Султоновро самаранок истифода бурда, ҳамасола ҳосили фаровон мерӯёнанд.

Даврон Каримов,

ноҳияи Дӯстӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ҷамоати д ...

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ҷамоати д ...

Ҳокимияти давлатӣ

Бо харҷи кам даромади зиёд

Иқтисоду тиҷорат
Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ