Дар як сатр
» » Қонуни забони давлатӣ риоя карда шавад

Қонуни забони давлатӣ риоя карда шавад

27-12-2018, 09:29

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки  Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва аъзоёни комиссия баргузор гардид.

 

- Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи соли 2018 фаъолияташро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст, - зикр намуд Бобоҷон Саидов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят. - Аз ҷумла, аз тарафи устодони ДДБ ба номи Носири Хусрав Искандар Икромов ва Раҷабалӣ Худоёрзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо хонандагони литсейи №1-и шаҳри Бохтар вохӯрӣ намуда, ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза карданд. Ҳамчунин, дар Раёсати андози вилоят ва маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят машғулияти омӯзишии забони тоҷикиро гузаронидаанд, - идома дод Б. Саидов.

Тибқи иттилои манбаъ, таҳлилҳо нишон дод, ки баъзе маълумотномаҳо бо имзои раисони шаҳру навоҳӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ирсол мегарданд, дар навиштаҳои онҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя карда намешаванд. Ҳамчунин, дар ҷаласа зикр карда шуд, ки ба хотири пешгирии ғалатнависӣ дар матн ва қабл аз номгузориву иваз намудани номи деҳаҳо, кӯчаҳо, мағозаҳо ва навиштаҷоти шиору овезаҳо аввалан бо мутахассисони соҳа бояд мувофиқа карда шаванд.

Дар идома, нақшаи кории Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои соли 2019 аз тарафи аъзоёни комиссия тасдиқ гардид.

 

Фаромӯз БОБОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Забон - таҷассумгари миллат

Забон - таҷассумгари миллат

Фарҳанг ва адабиёт
Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Навиштаҷоти ғалат кай ислоҳ мегардад?

Навиштаҷоти ғалат кай ислоҳ мегардад?

Хабарҳо, Таҳқиқи журналистӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  ...

Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА