Дар як сатр
» » ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

26-12-2018, 14:26

26 –уми декабри соли 2018 кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвар дастаҷамъона тамошо карданд.

Дар партави Паём вазорату кумитаҳо, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ – иҷтимоии ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобиқ ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар ба роҳ монда амалӣ менамоянд.

Аз ҷумла Сарвари давлат дар Паёми хеш чунин зикр намуд: "Барои ояндаи кишварамон ҳар яки мо - аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки бояд ба халқ содиқона хизмат кунем. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем”.

Инчунин, аз мардум даъват ба амал овард, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона намоем.

Вақеан, Паёми Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишварро фаро гирифта, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ маҳсуб меёбад.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рўҳбаландӣ аз Паём

Рўҳбаландӣ аз Паём

---
Тамошои дастаҷамъии Паём

Тамошои дастаҷамъии Паём

Хабарҳо
Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Сиёсат, Хабарҳо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Хабарҳо