Дар як сатр
» » Н.Ризоӣ, ифротие, ки садояш зиддимардумист

Н.Ризоӣ, ифротие, ки садояш зиддимардумист

27-12-2018, 20:20

Н.Ризоӣ, ифротие, ки садояш зиддимардумист

Нурмуҳаммад Ризоӣ, аз насли дуюми ифротиҳоест, ки аз падар меросиғайбатгӯӣ, миллатситезӣ ва ошӯбгариро омӯхтааст. Пайдост, ки дар тору пуди ин набераи шайтон хуни сиёҳкунӣ чунон реша давондааст, ки овози худро «садо»-и мардум мепиндорад. Ин кобусҳои каҷманиш,қаҳрамонҳои«Палатаи кунҷакӣ»-и устод Фазлиддин Муҳаммадиевро, ки худро «қаҳрамонони даврон» мепиндоранд, ба ёд меоранд. Барои асоснок кардани мақомибеарзиши худдар назди хоҷагони наву кӯҳна, минбари махуфро ҳамэҷод кардаанд, ки то ин дӯкондорони дину диёнат ва савдогарони дунёву охират, фурсати ҳарзагӯиивофири зиддимиллиро дошта бошанд.


Агар ба асли матлаб баргардем, падару писар, ки аз бекорӣкадукорӣ яке масъули бахши «фарҳанг»иҳизби мамнуъи террорист ва дигаре сухангӯйи гурӯҳакимаҷҳули 24:8=3 мебошанд, на танҳодар сатҳификрронӣ,балки идораи ин дугонаи террористманишро ба инҳисори мутлақиавлодӣ гирифтаанд. Чаро инду нафар рост наомадаанд ва як наҳзатисту дуюмӣ аъзои фаъоли гурӯҳбозҳо? Ин падидаи нодири сиёсӣ чӣрамз дорад? То куҷо метавон ба мавқеъгирии падару писар, ки такдири миллатро ба бозӣгирифтаанд, бовар кард? Саволҳозиёданд. Инак, посухҳои онҳо:

 

1. Равоншиносии муосир ин падидаро камчинии рӯҳӣва ҷисмӣ медонанд. Ҳар ду аз камсаводӣранҷ мебаранд, вале даъвоҳоиба вазифаи раҳбарӣ такя заданд, онҳороором намегузорад.

2. Мутлақандешӣ хоси ин авлод аст. Бо як ҳамла мехоҳанд,ҳамсоҳиби онҳизби ифротӣбошад, ҳам соҳибмулки гурӯҳи ҷунунӣ.

3. Аъзоёни собиқаашонро чунон фиреб карданд, кияке дар зиндон аст ва дигаре овора. Вале падару писар ба як фиребкории хоса ва фарқкунанда, ба Аврупо фирор карданд. Резахӯриташкилотҳоикӯмакрасон гаштанд, мақомгирифтанд, мақомираҳбарӣ. Иғвоангез шуданд. Хоин шуданд. Нанг аз даст доданд.

4. Тафовути ҷаҳонбинӣдар ин ду созмон ба андозаест, ки тасаввур кунӣ, кияке аъзои «ал-Қойида» аст ва дигарӣ узви мафияи «Коза Ностра». Вале муҳимин нест, асли мақсадназдик будан баманбаъҳои сармоягузорӣаст.

5. Ин оилача набзи ҷомеаро аз даст додаанд ва бо пуррӯӣ ҳамчун душмани ғоявии миллат, зуҳуркардаанд. Сиёсат умри дароз дорад, баҳсу мунозира ҷойгоҳи алоҳидаро дорост, вале инкоҳфурӯшии арзони падару писар нисбат ба арзишҳои муқаддаси миллат фаромӯш нахоҳад шуд. Зеро он террористони мафкуравианд, сарҳади танқидро шикаста барақиби ашадии ин хоку бум табдил ёфтаанд. Онҳо медонанд, ки барои умрбод имкони бозгашт ба Ватанро гум кардаанд, аз ин лиҳоз, асабианд, ба сарнавишти ноҷо ва пасти худ тан додаанд. Ғайбатхонаи арзишҳои миллиро барои хуморшиканӣ таъсис додаанд.

6. Ҳамчун як бомжи таҳхонаҳои ғарбӣ мемуранд, зеро роҳи онҳо ботил ваояндаашон торик аст. Ин миллат ҳама чизро мебахшад ва дари тавба ба роҳгумкардаҳо боз аст. Вале ин падару писар ба таври огоҳ толиби шуурӣ мебошанд, аз ин лиҳоз, радди маърака кардани ин партовгоҳхои ақидатӣ, нуран ало нур аст. Хас каму ҷаҳон пок.

7. Хоинро як дафъа бахшидан хислати хирадмандист, 2 бор бахшидан аблаҳист.

 

Падруд падару писари ғофилу балвогар

 

Комилов Ф., сокини ш.Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НОКОМИИ ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ (Ҷавоб ба кӯри Юнус, ҳомии сиёсатбозиҳову паймо ...

Хабарҳо

Муҳаммадиқболи Садруддин - шогирди хонақоҳҳои афғонӣ (Инҳоро бояд шинохт)

Хабарҳо

Тавба ё шевани рақси М.Садруддин

Хабарҳо

Тавба ё шевани рақси М.Садруддин

Хабарҳо

Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА

Хабарҳо, Сиёсат