Дар як сатр
» » М. Хидирзода: «Иҷро нашудани қонун аз надонистани он сар мезанад!»

М. Хидирзода: «Иҷро нашудани қонун аз надонистани он сар мезанад!»

25-09-2017, 11:11

М. Хидирзода: «Иҷро нашудани қонун аз надонистани он сар мезанад!»

Бо мақсади барои сокинон содаю фаҳмо гаштани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Фармони Президенти кишвар гурӯҳи корӣ аз ҳисоби масъулин ҷудо гардида, имрӯзҳо ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Ин навбат вохӯрии гурӯҳи корӣ дар кохи «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бо фаъолони шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид.

Махфират Хидирзода дар вохӯрии мазкур иброз дошт, ки вазифаи мо - масъулон, пеш аз ҳама, муҳтавои Қонунро ба мардум дуруст расонидан аст. Зеро иҷро нашудани Қонун аз надонистани он сар мезанад.

Ба гуфтаи М. Хидирзода яке аз тағйиротҳое, ки дар Қонун ворид шуд, ин гузаронидани маъракаҳои азодорӣ бе таом ва забҳи чорво аст.

М. Хидирзода: «Иҷро нашудани қонун аз надонистани он сар мезанад!»

- Қаблан зиёд мушоҳида мешуд, ки маъракаҳои азодорӣ аз хурсандӣ фарқ надошт, - афзуд М. Хидирзода. - Либос, ки рукни фарҳанги миллӣ аст, барои мо бояд ҷойи баҳс набошад. Раванди ҷаҳонишавӣ таъсири худро расонида истодааст ва мо инро баръало эҳсос мекунем. Мо бо либосҳои миллиамон ҳам метавонем талаботи шаръиро иҷро намоем. Меъёр ё қолаби шахшудае, ки буд, бояд шикаста шавад.

Одинашоҳ Вализода, мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, дар баромади хеш қайд дошт, ки мақсади гурӯҳи тартиботӣ фаҳмондадиҳии тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим мебошад.

М. Хидирзода: «Иҷро нашудани қонун аз надонистани он сар мезанад!»

Анвар Тағоймуродов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ низ дар баромади худ чунин зикр кард: “Тағйироте ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид гардид, хеле ба маврид аст. Зеро дар маъракаҳои азодорӣ соҳибони маърака ба болои ғаму кулфати худ, ба оростани дастурхон ва додани таом машғул мешуданд, ки дини мубини ислом низ чунин амалро роиҷ намешуморад.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки баргузории чунин ҷамъомадҳо ба манфиати ҷомеа равона гардидааст. Албатта бетарафӣ дар ин самт ҷиноят аст. Нисбати иҷрои Қонуни мазкур бояд ҳамагон саҳмгузор бошем.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
Танзим - кафолати зиндагии шоиста

Танзим - кафолати зиндагии шоиста

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таклиф мекунам, ки…

Таклиф мекунам, ки…

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Сабти 80 қонуншиканӣ дар се моҳ

Сабти 80 қонуншиканӣ дар се моҳ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА