Дар як сатр
» » Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Ҳадафи Пешвои миллат таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст»

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Ҳадафи Пешвои миллат таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст»

25-09-2017, 10:22

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Ҳадафи Пешвои миллат таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст»

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригардида, тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қабули сайёри навбатии хешро дар ноҳияи Дӯстӣ гузаронид.

Зимни суҳбат бо заҳматкашони ноҳияи мазкур ҳамагонро ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳор дошт, ки нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол сол то сол дар арсаи ҷаҳон боло рафта истодааст. Ширкат ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ШМА далели ин гуфтаҳост, таъкид дошт роҳбари вилоят. Иштироки Пешвои миллат дар чорабиниҳои сатҳи баланд аз он шаҳодат медиҳад, ки пешниҳоду андешарониҳои Роҳбари давлат барои тамоми мардуми сайёра аҳамияти заруриро касб намудааст.

Аз ин рӯ, мо-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд беҳтару хубтар фаъолият намуда, саҳми арзандаи хешро дар рушди ватани азизамон гузорем, ироа дошт раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Дӯстӣ. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ёдовар гардид, ки дар баробари меҳнати созанда, ҳамчунин дар тарбияи насли ҷавон бояд диққати зарурӣ диҳем, нагузорем, ки ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шомил гарданд.

Сипас, Давлатшоҳ Гулмаҳ-мадзода ба шунидани арзу матлаби сокинони ноҳия шурӯъ намуд. Ганҷина Ёрасенова, собиқадори соҳаи тандурустӣ, зимни суҳбат бо раиси вилоят аз ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят хусусан нисбати соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ намуда, оид ба идома додани сохтмони бинои шуъбаи сироятии беморхонаи марказӣ ва дастрас намудани мошини ёрии таъҷилӣ изҳори назар намуд. Мутолиб Хоҷакелдиев, сокини Ҷамоати шаҳраки «20-солагии Истиқлолият» мушкилоти таъминот бо оби нӯшокиро барои сокинони деҳаи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дод. Дар деҳаи мазкур 60 оилаи муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, пойгоҳҳои обкашии мавзеъ, ки 4 км қубурро дар бар мегирад, ба таъмиру тармим эҳтиёҷ доранд. Ҳамин тавр, Иброҳим Бӯриев оид ба тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо арзи матлаб намуд. Нафақахӯр Норқул Юлдошев аз Ҷамоати деҳоти «Нури Вахш» низ масоили таъмиру иваз намудани қубурҳои обгузар дар деҳаи Гоголро пешниҳод намуд. Корманди рӯзномаи ноҳиявии «Паёми Дӯстӣ» Солеҳ Аҳмадбеков бошад, доир ба вазъи садамавии бино ва сохтмони бинои нави рӯзнома ба роҳбари вилоят арз дошт.

Пас аз шунидани арзу ниёзи сокинони ноҳияи Дӯстӣ роҳбари аввали вилоят баҳри ислоҳи камбудиву мушкилоти соҳаҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод ва иброз дошт, ки аксарияти мушкилоти дар маҳалҳо мавҷударо метавон тавассути пешниҳоди лоиҳаҳои амиқ ҳал намуд. Зеро аз ҷониби Барномаи ЮСАИД ба вилояти Хатлон 32 мл доллари амрикоӣ ворид гардидааст, ки танҳо ба самти таъмини оби нӯшокӣ равона шудааст. Агар масъулини ноҳия дар маҳалҳо назарпурсӣ намуда, мушкилоти маҷударо омӯхта, лоиҳаҳои ҳамаҷониба таҳияшударо пешниҳод намоянд, боварӣ дорем, ки камбудиҳои ҷойдошта сари вақт роҳи ҳалли хешро меёбанд, - ироа дошт раиси вилоят зимни мулоқот.

Олим Фирӯз, ҷавонтарин корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни суханронӣ аз сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки то даме ин шахси сиёсатмадор, ватандӯст, бохирад сарвари мост, наметавонад ҳеҷ як қувваи бад пеши роҳи ободонию бунёдкории мардуми ватани азизро гирад. Соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид ва ин мо-ҷавононро боз ба фаъолияти беҳтару хубтар роҳнамун месозад. Ҳамин тавр Олим Фирӯз аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки маҳз бо ширкат ва дастгирии Президенти мамлакат дар ноҳияи Дӯстӣ бинои ҳозиразамони Маркази ҷавонон ба фаъолият оғоз намуд.

Пас аз шунидани арзу матлаби сокинони ноҳияи Дӯстӣ раиси вилоят оид ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия аз масъулини соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ пурсиш ба амал овард ва баҳри ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамин тавр доир ба масъалаи омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон, баланд бардоштани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ибрози назар намуда, роҳбари вилоят иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро махсус таъкид намуд. Тавре Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид дошт, қонун шиори муқаддаси давлат буда, танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад ва иҷрои он аз ҷониби ҳамагон ҳатмист.

Роҳбари вилоят зимни суханронӣ доир ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти анъана ва ҷашну маросимҳо изҳори назар намуда, ёдовар гардид, ки ҳадафи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, муҳайё намудани зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро аз харҷҳои беҳуда даст кашида, маблағҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон сарф намудан ба манфиати худи волидайн аст. Ба низом даровардани гузаронидани чорабиниҳои маросими дафну азодорӣ низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, зеро пас аз вафоти нафаре аз аҳли хонадон тамоми дороии хонадон сарфи маросимҳои азодорӣ мегашт. Умуман, баъзе чорабиниҳо, тӯю маъракаҳои пурдабдаба ба сатҳи иқтисодии оилаҳо зиёни ҷиддӣ расонида, ҳатто боиси хонавайронии ҷавонон мегаштанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Президенти мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ин танҳо ба манфиати аҳолӣ нигаронидашудааст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз он 10 сол сипарӣ гардид, боз як бори дигар собит намуд, ки сатҳи рӯзгори аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст,-афзуд Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷамъомад.

Ҳамчунин зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, таъкид дошт, ки Паём нишони 25-соли давлатдории мо буда, дар ин баробар дурнамои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро то 15 соли оянда муайян намуд. Масъалаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт барои давлати Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ гашта истодааст. Роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат-Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода, Восеъ - Ховалинг ифодагари рӯз то рӯз тараққӣ намудани соҳа мебошад. Бахусус таҷдиду барқарорсозии роҳҳои Душанбе-Қӯрғонтеппа, қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз, Кӯлоб - Ш. Шоҳин далели ин гуфтаҳост. Бунёди ағбаҳои мошингузар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон имкон фароҳам овард, ки масъалаи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи ҳалли хешро дарёбад,- таъкид намуд раиси вилоят.

Ҳамин тавр роҳбари вилоят доир ба масъалаҳои марбут ба риштаи кишоварзӣ, қабули як қатор барномаҳои нав дар ин самт, бунёди боғҳо изҳори андеша ронд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём махсус таъкид рафт, - ироа дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, - рушди ояндаи мамлакат ва аз давлати аграрӣ - саноатӣ ба давлати саноатӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Чуноне, ки зимни суханронӣ роҳбари вилоят таъкид дошт, ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ, дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шудааст. Ин нуктаҳо махсус дар Паёми навбатии Роҳбари давлат омадааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бори дигар ба масъулину сокинони ноҳия барои расидан ба ҳадафҳои олии Роҳбари мамлакат ки таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони ватани азизамон аст, барору комёбиҳо таманно намуд.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА