Дар як сатр
» » Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

25-12-2018, 06:06

Дар ҷумҳуриамон давоми се соли оянда беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳу сифати боз ҳам баландтар доир карда мешаванд. Дар ин бора 13 декабр Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Тибқи ин санад, давоми солҳои 2019-2021 дар мамлакат беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмун, аз ҷумла моҳи январ ҷашни Сада, моҳи феврал Намоиши ниҳолҳо «Самари умри деҳқон» ва Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…», моҳи март Фестивали «Чакомаи гесӯ» ва ғайра баргузор карда мешаванд. Сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон бори аввал шоҳид ва иштирокчии бевоситаи Фестивали либосҳои миллӣ ва муосир (моҳи июл), Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан (август), фестивал-намоишҳоиангур ва дигар анвои меваҷот (сентябр), шолӣ ва биринҷ (октябр), чорвои зотӣ (ноябр), шириниҳои миллӣ ва муосир (декабр), ҳамчунин озмунҳои ҳунарҳои ороишӣ аз санг (январ), дастархонороӣ (феврал), омода кардани хӯришҳои миллӣ ва муосир (май), кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кулолгарӣ, мисгарию оҳангарӣ (июн), кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ (июл) мегарданд. Бори аввал яке аз идҳои қадимии халқи тоҷик – «Сайри гули лола» дар шакли фарогир ва ҷаззоб гузаронида хоҳад шуд. Фестивал ва озмунҳо дар се давра баргузор карда мешаванд: давраи аввал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳракҳо, давраи дуюм – дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ва давраи ниҳоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Фарҳанг ва адабиёт

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо
Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА