Дар як сатр
» » Ҷарима барои қаллобӣ

Ҷарима барои қаллобӣ

25-12-2018, 06:05

Майори милитсия Иззатуллозода Сафаралӣ Иззатулло, сардори шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД-и шаҳри Бохтар, бинобар сабаби баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва даст задан ба қаллобӣ 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҳаммаслаки ӯ лейтенант Ҳокимҷони Таваккал, ки ба қаллобӣ муттаҳам буд, ба маблағи 18 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима гардид.

Мувофиқи хабари Давлатманд Раҳимзода, судяи Суди вилоят, Иззатуллозода Сафаралӣ ҳамчун шахси мансабдор дар хусуси муомилоти ғайриқонунии як килограмм маводи мухаддири навъи героин хабардор мешавад. Баҳри гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ тариқи махфӣ бе тартиб додани ҳуҷҷат, аз ҳадди ваколатҳояш берун рафта, дар ҳудуди терминали "Нурафкан”-и шаҳри Бохтар шаҳрвандон Қандаков Ҷонибек, Ҷобиров Фирдавс ва Шарипов Толибшоро, ки номбурдагон гирифтори бемории нашъамандӣ ҳастанд, дастгир мекунад. Вале мавсуф аз гумонбарон маводи мухаддир дарёфт намекунад.

Худи ҳамон рӯз ӯ дар манзили истиқоматии Ҷобиров Ф. баҳри дарёфти маводи мухаддир кофтуков мегузаронад. Дар натиҷа ягон маводи мухаддир дарёфт накарда, бо ин амалҳои ғайриқонуниаш манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ва давлатро ба таври ҷиддӣ поймол менамояд.

Минбаъд, Иззатуллозода дар мувофиқа бо Ваколатдори оперативии ҳамин шуъба, лейтенанти милитсия Ҳокимҷони Таваккал бо вуҷуди он ки ҳангоми дастгиркунӣ аз Қандаков Ҷ. маводи мухаддир дарёфт накардааст, қасдан бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ба шаҳрванд Қандаков Рус-тамбек, ки амаки Қандаков Ҷонибек мебошад, дар иртибот шуда, барои рӯпӯш намудани ҷинояти ӯ ба миқдори 4000 сомонӣ талаб мекунанд.

Ҳокимҷони Таваккал аз маблағи талабнамудаашон 2000 сомониро шахсан дар утоқи кориаш, воқеъ дар бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар аз Қандаков Рустамбек мерӯёнад.

Пас аз ду рӯз шаҳрванд Қандаков Рустамбек кирдорҳои ғайриқонунии Иззатуллозода ва Ҳокимҷони Таваккалро дарк карда, оид ба ин амалҳои зишти номбурдагон ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон муроҷиат намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ - оперативӣИззатуллозода Сафаралӣ ва Ҳокимҷони Таваккал ҳангоми гирифтани пора ба даст афтиданд.

Судшавандаҳо Иззатуллозода Сафаралӣ ва Ҳокимҷони Таваккал дар рафти мурофиаи судӣ ба ҷинояти содиркардаашон иқрор мешаванд.

Коллегияи судӣ оид ба парванда-ҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон ба Иззатуллозода Сафаралӣ ҷазои ҷарима ба маблағи 25 ҳазор сомонӣбо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳлати 3 (се ) сол таъйин кард. Ба Ҳокимҷони Таваккал бошад, муҷозот - ҷарима ба маблағи 18 ҳазору 250 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳлати 2 (ду) сол таъйин карда шуд.

Ҳасан АБДУРРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Лейтенанти қочоқчӣ 10 сол зиндонӣ шуд

Ҳуқуқу амният
Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти

Боздошти "Шерчангол" бо силоҳу ним кило афюн

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА