Дар як сатр
» » ХОМӮШ НАМУДАНИ АСБОБҲОИ БАРҚИРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД!

ХОМӮШ НАМУДАНИ АСБОБҲОИ БАРҚИРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД!

25-12-2018, 07:02

Аз тарафи кормандони назорати давлатии зидди сӯхтор дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Хуросон дар соли 2018-ум 5 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 адад кам мебошад. Зарари сӯхторро дар ноҳияи Хуросон 125 ҳазору 240 сомонӣ арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Сулаймон Холунов, нозири калони гурӯҳи назорати давлатии зидди сӯхтор, дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Хуросон барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан нисбати вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ноҳия 385 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳо ба маблағи 67 ҳазору 50 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Сабабҳои асосии сар задани сӯхторро Сулаймон Холунов аз бемасъулиятӣ зоҳир намудан дар вақти истифодабарии оташ, вайронкунии қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии таҷҳизоти барқӣ ва нодуруст васлкунии ноқилҳои барқиву таҷҳизоти газӣ медонад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз тарафи нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори ноҳияи Хуросон корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ ва дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон омӯзиши қоидаҳои одитарини бехатарӣ аз сӯхтор баҳри пешгирии он ва дар вақти рух додани сӯхтор амал ва ҳаракатҳои шаҳрвандон омӯзонида мешаванд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

79,9%-и сӯхторҳо дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст

79,9%-и сӯхторҳо дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст

Ҳуқуқу амният
11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар як рӯз

Ду сӯхтор дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА