Дар як сатр
» » 2 медали тиллои велосипедронҳо

2 медали тиллои велосипедронҳо

23-12-2018, 20:02

Дар ноҳияи Ҷайҳун мусобиқаи ҷумҳурявӣ оид ба велосипедронӣ бо иштироки зиёда аз 50 варзишгар баргузор гардид.

Юнус Холов, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дӯстӣ ба рӯзномаи "Хатлон” чунин иттилоъ дод: "Пойгаи велосипедронӣ дар шоҳроҳи автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун гузаронда шуд. Дар мусобиқа аз ноҳияи Дӯстӣ 8 нафар варзишгари аъзои тими "Хатлон-1” иштирок карданд. Велосипедрони наврас Юсуф Ҷумъаев ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид. Дар байни калонсолон бошад, Мадина Ҳайдарова ҷойи аввалро ишғол карда,сазовори медали тилло гардид. Варзишгари дигари ин даста Анасултан Амонова ба ҷойи дуюм баромада, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дар ҳисоби даставӣ Орзу Бобоев, Ҷумъагелдӣ Сафаров, Ҳомидҷон Ҳамидов ва Исуф Ҷумъаев иштирок карда, сазовори медали нуқра гардиданд. Гулниҳол Боржакова ба гирифтани медали биринҷии мусобиқа мушарраф гардид, - мегӯяд Юнус Холов.

Ҳасан АБДУРРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қадрдонии варзишгарони муваффақ дар Ёвон

Ҷавонон ва варзиш
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Медали нуқраи Набимуҳаммад

Медали нуқраи Набимуҳаммад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боз як медали Фавориз

Боз як медали Фавориз

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш