Дар як сатр
» » Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Бохтар»

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Бохтар»

23-12-2018, 20:01

Бо мақсади тарғибу ташвиқ, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, муайян намудани дастаи мунтахаби шаҳри Бохтар оид ба намуди таэквандо-ВТФ мусобиқаи кушод барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Бохтар» баргузор гардид.

Тавре ки Суҳроби Рустам, котиби матбуоти раиси шаҳри Бохтар, иттилоъ дод, «Ҷоми раиси шаҳри Бохтар» оид ба таэквандо-ВТФ байни наврасону ҷавонони соли таваллудашон 2007-2010, 2004-2006, 2001-2003 рӯзҳои 14-15-уми декабри соли 2018 дар толори варзишии «Тоҳирӣ» ва саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов доир шуд.

Дар мусобиқа дастаҳои шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Дар мусобиқаи варзишии мазкур варзишгарони соли таваллудашон 2007-2010 дар вазнҳои 20 кг, 22 кг, 24 кг, 28 кг, соли таваллудашон 2004-2006 аз рӯйи вазнҳои 30 кг, 33 кг, 37 кг, 41 кг, 45 кг, инчунин варзишгарони соли таваллудашон 2001-2003 аз рӯйи вазнҳои 55 кг, 59 кг, 63 кг, 68 кг маҳоратсанҷӣ карданд.

Муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода дар қисмати ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Баргузории мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Бохтар» гувоҳи гуфтаҳои болост.

Дар мусобиқа варзишгарони шаҳри Бохтар соҳиби 5 медали тилло, 3 нуқра ва 12 биринҷӣ гардид. Аз дигар шаҳру навоҳии вилоят низ варзишгарон иштирок карда, соҳиби медалҳо шуданд. Ҷоми раиси шаҳри Бохтар насиби варзишгарони маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар гардид.

Сипас, маросими тақдими туҳфаҳо ба ғолибони мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Бохтар» сурат гирифт. Аз ҷониби ташкилкунандагон ба варзишгарони қирғизистонӣ ҳам туҳфаҳо тақдим шуд.

Носирҷон Маъмурзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қадрдонии варзишгарони муваффақ дар Ёвон

Ҷавонон ва варзиш

«Пахтакор»-и Қубодиён ба лигаи 1 роҳхат гирифт

Ҷавонон ва варзиш

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштигирӣ

Хабарҳо
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА