Дар як сатр
» » Вахш. Таваҷҷуҳ ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ

Вахш. Таваҷҷуҳ ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ

23-12-2018, 19:56

Рушду нумӯи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баҳри тарбияи насли солими ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Солҳои охир бо маблағгузории соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш варзишгарони маҳаллӣ дар мусобиқоти гуногун шарафи варзиши ноҳияро баланд мебардоранд.

Тавре маълум аст, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар дар санаи 20 декабри соли 2010, заминаи мусоидеро барои рушди ин соҳаи муҳим гузоштааст. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба таҳияи Барномаи давлатии варзиш асос гузошт, ки дар ин замина тадбирҳои муҳим барои рушди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус ноҳияи Вахш ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин замина, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш оид ба иҷрои дастуру супоришҳоиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқоташон бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардидаанд, таҳия ва қабул гардид, ки барои рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, ташаккули шахсияти солим, ҳифзи беҳдошти саломатӣ, оммавӣ гардонидани соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муҳайё намудани имкониятҳои варзишӣ ва солимгардонӣ дар ноҳия заминаи мусоидро фароҳам овард.

Дар ноҳияи Вахш то имрӯз 13 майдончаи варзишӣ, 5 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварии болопӯшида, 1 маҷмааи варзишӣ, 1 шаҳрчаигимнастикӣ, 1 майдони теннис фаъолиятмекунад.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои сохтмони толорҳои варзишӣ вамайдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва дар Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» маҷмааи иншоотҳои варзишӣ, аз қабили 2 майдончаи футболи хурд, 1 майдони волейболу баскетбол ва 1 майдонитеннис пурра ба тамоми шароитҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар ноҳия 1 мактаби варзишӣ, 2 толори гӯштингирӣ, 1 майдони футбол, 1 майдончаи волейбол, 1 майдончаи баскетбол, 1 майдончаи тӯби дастӣ, 1 базаи тир, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 1 базаи қаиқронӣ баҳри рушди варзиш фаъолият мекунад.

Дар назди мактаби варзишии кӯдакону наврасони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон 10 маҳфили варзишӣ, аз қабили таэквандо-ВТФ, волейбол, футбол, қаиқронӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини тарзи самбо, гӯштини тарзи дзюдо, гӯштини миллӣ, тенниси рӯйи миз, шашка, шоҳмот амал мекунад, ки дар ин маҳфилҳо 351 нафар кӯдакону наврасон машқҳои гуногуни варзишӣ меомӯзанд. Дар маҳфилҳо 13 мураббӣ, ки 11 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 2 нафарашон дорои маълумоти миёнаи махсус, 2 нафарашон дорои унвони «Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафарашон дорои унвони «Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд, ба кӯдакону наврасон дарсҳои варзишӣ меомӯзанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Семинари вилоятӣ дар Ёвон

Семинари вилоятӣ дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Туризм, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш