Дар як сатр
» » Қадрдонии варзишгарони муваффақ дар Ёвон

Қадрдонии варзишгарони муваффақ дар Ёвон

23-12-2018, 19:55

Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон маросими ҷоизасупо-рӣ ба бозигарони тими футболи «Моҳир» баргузор гардид. Ин даста имсол дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ва раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарифзода иштирок ва ҷоизадоронро табрик карданд.

Тавре ки аз дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, соли ҷорӣ дастовардҳои варзишии варзишгарони ноҳия назаррас буд. Аз он ҷумла, имсол 3 нафар варзишгарони ҷавон Сомон Сангов, Субҳон Юсупов ва Сафиаллоҳ Искандаров дар мусобиқа ва чемпионатҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.

Варзишгарони ноҳия аз аввали сол то ба имрӯз 105 медал ба даст овардаанд, ки аз он 26 тилло, 28 нуқра ва 51 биринҷӣ мебошад. 3 медал аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба даст омадааст.

Дар давоми соли ҷорӣ 10 нафар кӯдакони солҳои таваллудашон 2001-2005 Раҳмонов Сайёд, Раҳмонов Шодмон, Қориев Сафиаллоҳ, Қулов Шоҳрух, Амонов Сироҷиддин, Содиқов Муҳаммадсахӣ, Шарифзода Диловар, Мақсудов Давид, Алимуҳаммади Дӯстмурод ва Боев Шоҳин дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш ҷоизадори мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, варзишгари қавиирода Сомон Сангов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон бо иштироки 250 нафар варзишгар аз 36 кишвари дунё баргузор шуд, дар вазни 52 кг соҳиби ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардид, ки дастоварди бесобиқа ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкори муваффақ Баҳриддин Ҷӯрахонов дастовардҳои варзишгарони ноҳия бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

2 медали тиллои велосипедронҳо

Ҷавонон ва варзиш

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Бохтар»

Ҷавонон ва варзиш

«Пахтакор»-и Қубодиён ба лигаи 1 роҳхат гирифт

Ҷавонон ва варзиш
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА