Дар як сатр
» » «Пахтакор»-и Қубодиён ба лигаи 1 роҳхат гирифт

«Пахтакор»-и Қубодиён ба лигаи 1 роҳхат гирифт

23-12-2018, 19:52

12 декабр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи футболи ноҳия – «Пахтакор», ки ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар байни дастаҳои лигаи 2 дар соли 2018 гардид, барпо шуд.

Футболбозони «Пахтакор» Ҷоми ин мусобиқаро ба даст оварда, ба лигаи 1-уми чемпионати кишвар роҳхат гирифт. Дастаи мазкур дар лигаи дуюми чемпионати Тоҷикистон 12 бозиро бо натиҷаи 8 ғалаба, 3 бохт ва як мусовӣ анҷом додааст. Ба дарвозаи ҳарифони худ 27 гол ворид намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 25 хол гардидааст.

Дар маросими тантанавии тақдими Ҷоми мусобиқа, ифтихорнома ва медалҳо барои ҷойи якум раиси ноҳия Зафар Файзуллозода ва раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарифзода иштирок намуданд.

З. Файзуллозода ба муносибати ғалабаи дастаи «Пахтакор» футболбозон, варзишгарон ва тамоми сокинони ноҳияро табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста баҳри беҳтар намудани шароити варзишгарон чораҳои дахлдор андешида, дар тамоми мусобиқаҳо варзишгаронро дастгирӣ менамояд.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён тамоми кӯшишу талошро баҳри рушду пешрафти соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол, равона намуда, баргузории мусобиқаҳои ин намуди варзишро таҳти назорати доимӣ қарор додааст, - изҳор дошт раиси ноҳия.

Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тиллои лигаи 2 ба футболбозон ва ҳайати мураббиёни даста дар ҳолати тантанавӣ тақдим карда шуд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қадрдонии варзишгарони муваффақ дар Ёвон

Ҷавонон ва варзиш
Оғози бозиҳои лигаи якум

Оғози бозиҳои лигаи якум

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
7 даста аз Хатлон дар лигаи дуюми футбол

7 даста аз Хатлон дар лигаи дуюми футбол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Тасмими таъсиси лигаи дуюми футболи Тоҷикистон

Тасмими таъсиси лигаи дуюми футболи Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА