Дар як сатр
» » Моддае, ки сайёраи моро офаридааст

Моддае, ки сайёраи моро офаридааст

23-12-2018, 19:50

Ба ҳамагон маълум аст, ки бе об ҳаётвуҷуд дошта наметавонад. Доктори илмҳои биологӣ, профессор Б. С. Сергеев обро моддае номида буд, ки сайёраи моро офаридааст. Мувофиқи ҳисоббарориҳои олимонӣ сайёраи мо 4,6 млрд солқабл ташаккул ёфтааст. Батахмини олимон байни 4,6 то 3,8 млрд сол пеш об аз сатҳи замин бухор шудааст, гарчанде ки оид ба ин ақида далелҳои қатъӣ то ҳол пешниҳод нашудааст. Гурӯҳе аз олимонтахмин мекунанд, ки ин бухоршавӣ бо газҳое алоқамандӣ дорад, ки дар ҷараёни хориҷшавии вулқонҳо пайдо шуда, атмосфераи заминро ташкил намудаанд.

Ба ақидаи гурӯҳи дигари олимоноб пайдоиши беруни заминӣ дорад ва ба сайёраи мо аз дигар сайёраҳо дар якҷоягӣ бо кометаҳо ва астероидҳо омадааст. Ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад, ки миллионҳо сол пеш, вақте ки заминташаккул меёфт, об аллакай дар ҷинсҳои сатҳи кӯҳӣ вуҷуд дошт ва асоси заминро ташкил медод. Аз сабаби он ки дар давраи инкишоф ҳарорати сайёраи навиташаккулёфтаистодаи мо мунтазам паст шуда, буғҳои об дар атмосфера дар шакли баҳру уқёнусҳо ҷамъ мешуд.

Аз замони Чарлз Дарвин – табиатшиноси бузурги англис, аксари олимон боварӣ доштанд, ки ҳаёт дар замин дар муҳити обии аз моддаҳои ғизоӣ бой инкишоф ёфтааст. Ин ҷараён дар зери об оғоз гардидааст, чунки дар ин давраи аввалиинкишоф сайёраи мо қабати муҳофизавии озонии худро надошт ва танҳо об метавонист мавҷудоти зиндаи аввалини пайдошударо аз таъсири афканишоти ултрабунафши офтоб эмин дорад.

Олимони имрӯза ба чунин ақидаанд, ки ҳаёт на дарсатҳи гарми об, балки дар буришҳои кундалангии дар чуқурии аз 4 км зиёд мавҷудбудаи баҳр пайдо шудааст. Чунки ихроҷоти вулқонҳои аз сулфур ва оби бениҳоят гарм, ки таркибаш аз пайвастагиҳоихимиявӣ ва металлҳои дар тафта ҳалшуда бой буд, дар чуқурии бениҳоят зиёди ба нурҳои офтоб дастнорас вуҷуд дош-танд.

Миқдори об дар ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҳудуди литосфера тақрибан 0,37-0,84 млрд км кубиро ташкил медиҳад. Яъне аз миқдори оби баҳрҳо, уқёнусҳо, кӯлҳои сатҳи болои замин, инчунин захираҳои пиряхҳои ҷаҳонӣ 2 маротиба камтар аст. Аз ин рӯ, олимон ба чунин ақидаанд, ки дар қаъри замин он миқдор об мавҷуд аст, ки метавонад уқёнусҳои сатҳи заминро 30 маротиба пур кунад. Муайян карда шудааст, ки поёнтар аз сатҳи обҳои зеризаминӣ, то чуқурии 4-5 км ва аз он зиёдтар тамоми ковокиҳои ҷинсҳои кӯҳӣ аз об пур аст ва системаи макроскопиеро чун гидросфера ташкил медиҳад.

 

А. Қаландаров,

М. Маликова,

омӯзгорони коллеҷи

тиббии шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯҳи Хоҷамуъмин

Кӯҳи Хоҷамуъмин

Хабарҳо, Туризм
Мушкилоти глобалии истифодаи об  ва ташаббуси навбатии Тоҷикистон

Мушкилоти глобалии истифодаи об ва ташаббуси навбатии Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
22 март - Рӯзи байналмилалии захираҳои об: об сарвати бебаҳост

22 март - Рӯзи байналмилалии захираҳои об: об сарвати бебаҳост

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Ифтитоҳи Расадхонаи байналмилалии астраномии “Санглох”

Ифтитоҳи Расадхонаи байналмилалии астраномии “Санглох”

Хабарҳо, Маориф ва илм
Ба олимони кишвар дар пешбурди илми ватанӣ барори кор

Ба олимони кишвар дар пешбурди илми ватанӣ барори кор

Хабарҳо, Маориф ва илм