Дар як сатр
» » Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

23-12-2018, 19:47

Барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию маълумотнокии ҷавонону наврасон, рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Китобхони беҳтарин” дар ду давр эълон гардида буд.

Даври аввали озмун дар китобхонаҳои марказӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Чанде қабл дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” даври ниҳоии озмун ҷамъбаст гардид. Дарозмун хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд.

Озмун аз рӯи 5 номинатсия: хонандагони синфҳои 1 - 4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи махсус; донишҷӯёни донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ; намояндагони аҳли ҷомеа, муайян карда шуд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Муассисаи давлатии "Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” сарфароз гардонида шуданд.

С. Обидов,

директори муассисаи давлатии

"Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Фарҳанг ва адабиёт
Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт
Кӯлоб. Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

Кӯлоб. Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо
Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА