Дар як сатр
» » «РОҒУН» САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

«РОҒУН» САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

23-12-2018, 07:29

Мо ҳамарӯзабарои пешрафти зиндагии худ аз барқ истифода мебарем. Аз ин рӯ, барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ моро лозим меояд, ки манбаи қувваи барқ, яъне неругоҳҳо бисозем.

Вақте, ки аз ҷониби Сарвари кишварамон даъвати ватандӯстона барои бунёди НБО-и "Роғун” ба амал омад, хурду бузурги кишвар ин даъватро ҷонибдорӣ намуда, барои бунёди он саҳми худро гузоштанд, ки ин ватандӯсту ватанпарвар будани онҳоро собит месозад.

Ташаббус, дастгирӣ ва талоши бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба ин сохтмони азим ба коргарон рӯҳбаландӣ ва бовариву неру бахшид. Боиси хушбахтист, ки миллати тоҷик чунин як сарвари оқилу доно дорад, ки аз зиндагӣ ва мушкилоти мардумаш огоҳ аст. Ин аст, ки ҷавонмардони бонангу ораш бо бозуи рустамонаи хеш НБО-и "Роғун”-ро бунёд намуда истодаанд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад. Ба кор даромадани агрегати аввали НБО-и "Роғун” қадами бузург дар ин самт аст.

-Мо-аҳли муҳандисиву омӯзго-рии коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтихор аз он дорем, ки дар расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар саҳми худро гузошта меоем. Қариб дар ҳамаи неругоҳҳои амалкунанда ва сохтмони азими аср НБО-и "Роғун”, шабакаҳои барқии соҳаи энергетикии Тоҷикистон дастпарварони коллеҷимо софдилона фаъолият мекунанд.

Наслҳои ояндасози ин кишвари зеборо мебояд, ки барои ободу зебо ва эҳтиром намудани сарзамини биҳиштосоямон аз қаҳрамониҳоибунёдкорони НБО-и "Роғун” ибрат гирифта, ҳамроҳу ҳампаймо ва пайрави ин мардони шарафманду сарвари оқилу донои худ бошем. Зеро ободу зебо намудани ватан ва дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани Парчами давлатии кишвари бузурги хеш аз ҳар яки мо-наслҳои зираку ҳушёр вобастагии зиёд дорад.

 

То меҳнати аҷдод барбод

наравад,

Ҳамкору ҳампаймои аҷдоди

хеш бошем.


 

Ганҷина Ғоибназарова, омӯзгори коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Захираҳои гидроэнергетикии кишвар бойигарии милии мо аст ...

Ҳокимияти давлатӣ
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Хабарҳо
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Сарфакорӣ дар истифодаи неруи  барқ

Сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ

Хабарҳо, Номаҳои Шумо